Июл 05, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Боз дар наздикии марзи Афғонистон ва Тоҷикистон даргирӣ шиддат ёфт

Даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон дар манотиқи ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистон ба шиддат идома дорад.

Гузориши манобеи хабарӣ дар шимоли Афғонистон баёнгари он аст, ки аз рӯзи якшанбе ва ба думболи амалиёти густурдаи Толибон барои ишғоли шаҳри Кундӯз, набард миёни аъзои ин гурӯҳ ва нерӯҳои давлатӣ шиддати бештаре ёфтааст.

Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” аз кашида шудани доманаи ин даргириҳо ба ноҳияи Имом Соҳиб ва Алиобод дар вилояти Кундӯз хабар додааст.

Ноҳияи Имом Соҳиб бо ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун (Қумсангир)-и Тоҷикистон ҳаммарз аст.

 Дар ҳамин ҳол сомонаи русизабони “Аfghanistan.ru” аз фиристода шудани як болгарди низомии давлатӣ ба маҳалли даргириҳо ва фуруди иҷборӣ ва изтирории он хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса талафоти инсонӣ надоштааст.

Ҳамин манбаъ суханони Ториқшоҳ Баҳромӣ, вазири дифои Афғонистонро мунташир карда, ки гуфтааст, Толибон ва муттаҳидони хориҷии онҳо аз манотиқи атроф ба Кундӯз ҳамла кардаанд ва вазъият дар ин минтақа муташанниҷ аст.

Бар асоси ин гузориш, ҷангҷӯёни Толибон бо ҳадафи амалиёти густурда алайҳи Кундӯз ҷамъ омадаанд, аммо нерӯҳои давлатӣ садди роҳи онҳо шудаанд.

Давлати Афғонистон тасмим гирифтааст нерӯҳои бештаре ба ҷабҳаи Кундӯз бифиристад.

 

Барчасп