Июл 07, 2017 20:16 Asia/Dushanbe
  • Матбуоти Тоҷикистон:

Оташсӯзӣ дар бозори "Корвон", бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.

Дар сафҳаи аввали нашрияи “Озодагон” аксҳое аз пайомади сӯхтори  ахир дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе мунташир шуда, унвони матлаби ин нашрия чунин аст: “Корвон бори шашум сӯхт. Бо айби кӣ?” Дар матлаби ҳафтаномаи мазкур аз қавли масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки сӯхтор дар бозори “Корвон” соати  20:03 дақиқаи шаби 2-юми июл сар зада, дар  натиҷа, 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд.  Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки дар сӯхтор ягон нафар ҷароҳат набардошта, талафоти ҷонӣ низ хушбахтона сабт нашудааст ва зарари сӯхтор мушаххас карда мешавад.  Аз сӯйи дигар сабаби сар задани сӯхтор бар асоси хулосаи муқадаммотӣ, расиши ноқилҳои барқ гуфта мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзудааст, ки  ба ҷойи ҳодиса 28 адад мошини оташнишонӣ ва зиёда аз 2000 нафар корманди полис  сафарбар шуда,  дар натиҷаи саривақт пешгирӣ намудани сӯхтор пеши роҳи паҳншавии он гирифта шудааст.

Дар идомаи ин матлаб нашрия натоиҷи ҷаласаи  шаҳрдориро, ки як рӯз баъд аз оташсӯзӣ  бо ҳузури тоҷирони зарардида баргузор шуд, чоп кардааст. Муҳимтарин натиҷаи ин ҷаласа ин будааст, ки Нуршед Машрабов, молики  бозори "Корвон” ваъда додааст, ки соҳбикорони аз сӯхтор зарардида 2 сол аз пардохти пули ҳаррӯза ва иҷораи дӯконҳо озод шуда,  инчунин дӯконҳои харобшуда дар муддати як моҳ бозсозӣ ва ба соҳибкорон таҳвил мешавад. Дар баробари ин, тибқи қарори тасвибшуда дар ин ҷаласа, масъулини шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомӣ  барои муҷҷаҳаз кардани тамоми бозору марказҳои савдо ва сохтмонҳои баландошёна  бо таҷҳизоти муосири зидди сӯхтор  бояд то моҳи сентябр чораҳои амалӣ андешанд. Инчунин масъулин дар муддати то як моҳ бояд пешниҳодоти хешро дар мавриди хариди мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва сохтмони бинои ҷадиди Хадамоти зидди сӯхтор дар ноҳияи  Фирдавсии шаҳри  Душанбе ба шаҳрдорӣ ироа кунанд. Ҳамзамон аз додситонии шаҳри Душанбе  дархост шудааст, ки бозрасии мунсифонаи сабабҳои сар задани сӯхторро дар Бозори “Корвон” анҷом дода,  дар баробари ин ҳаҷми хисороти расида ба ҳар як тоҷири бозорро мушахас карда, ба раиси шаҳри Душанбе дар ин замина гузориш пешниҳод кунад.

Дар ҳамин ҳол, “Азия-плюс” нашрияи русизабони чопи Душанбе низ ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ карда, дар ин замина матлаберо зери унвони “Сӯхтор дар бозори “Корвон”: тасодуф ё оташзанӣ?” чоп кардааст. Ин нашрия навиштааст, бозори “Корвон”, ки 15 сол қабл дар майдони 14 ҳазор метри мураббаъ  ифтитоҳ шуд,  бори ҳаштум аст, ки оташ мегирад. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки оташсӯзии нахустин моҳи августи соли 2005 иттифоқ афтода, сӯхтори аз ҳама бузургтари ин бозор  моҳи сентябри соли 2012 рух дод. Ба навиштаи ин ҳафтанома, дар моҳи сентябри соли 2012  дар қисмати умдафурӯшии  бозори "Корвон" сӯхторе сар зад,  ки дар пайи он беш аз 5 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2550  дӯкону нуқтаи савдои тоҷирон  нобуд шуда буд.  Он замон ин сӯхтор хашму эътирози тоҷиронро барангехта буд, ки даст ба раҳпаймоӣ зада хостанд, то маркази пойтахт рафта, масъаларо бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон  дар миён гузоранд. Баъдан дар музокирот бо тоҷирон раиси вақти шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев пуштибонии бонкҳои тиҷоратӣ аз тоҷиронро ваъда дод, ки он онҳоро аз идомаи роҳпаймоӣ боздошт. Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин замина гуфта буд, ки сӯхтори панҷ сол пеш дар бозори "Корвон"  дар пайи  қасдан оташ задан, сар зада буд.

Ҳамзамон нашрияи “Азия-плюс”  дар ин матлаб фарзияҳоеро дар робита ба сар задани сӯхтори ахир дар “Корвон” матраҳ кардааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки  дар ин миён  қасдан оташ задани бозор аз сӯйи афроди манфиатдор,  рақобати носолим миёни тоҷирон ва ҳамчунин талоши бесубот кардани вазъи ҷомеа низ матраҳ аст. Ба навиштаи нашрия, дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва бекорӣ танҳо бозаргонон ҳастанд, ки каме сармоя доранд ва бо роҳи маҳрум кардани онҳо аз дороӣ  метавон ба осонӣ тоҷиронро ба эътирозу норизоятӣ водор кард.

Ҳафтаномаи “СССР” низ дар саҳфаи аввалаш акси Нуршед Машрабов, молики бозори “Корвон” ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанберо чоп карда, суол гузоштааст, ки “Корвон”-ро кӣ оташ зад?!”. Муаллиф дар ин матлаб ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки оё ширкати бимаи “Тоҷиксуғурта” хисороти тоҷирони бозори “Корвон”-ро ҷуброн мекунад ва оё савдогарони ин бозор моликияти хешро бима карда буданд, ё на? Дар фарҷоми ин матлаби муфассал  зикр шудааст, ки тиқби охирин хабари Вазорати корҳои дохилӣ, як гурӯҳи даҳнафарии гумонбар ба дуздии  молу мулки тоҷирони бозори "Корвон” ҳангоми сӯхтори шаби 2-юми июли соли ҷорӣ  боздошт шудааст. ВКД таъкид кардааст, ки дар шаби сӯхтори бозори "Корвон”  ин афрод бо усули "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал карда, бо истифода аз таҳлукаи бавуҷудомада даст ба тороҷи моли тоҷирони ин бозор задаанд.  Гуфта мешавад, ки ин афрод бар асоси сабти дурбинҳои назоратии насбшуда дар атрофи бозор дастгир шудаанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” низ зимни бозтоби ҳодисаи сӯхтор дар бозори “Корвон” ба талоши бархе афрод барои ғорат кардани моли тоҷирон дар он шаб ишора кардааст. Салом Зайниддинов, як тан аз тоҷирони бозори “Корвон” ба хабарнигори ин нашрия гуфтааст, ки дар шаби сӯхтор худ шоҳидаи ҳодисаи талоши дуздии як мағоза шудааст.  Ба гуфтаи ин тоҷир,  агар нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ сар вақт омада  вазъро таҳти назорат намегирифтанд, амволи бештари тоҷирон дар он шаби сӯхтор ба яғмо мерафт.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” инчунин  дар саҳфаи аввалаш  акси Гулмурод Ҳалимов,  фармондеҳи собиқи дастаи таъйиноти махсуси ВКД-и Тоҷикистонро чоп карда, навиштааст, ки “Сояи Гулмурод, задухӯрди хешони полковники  гуреза дар Восеъ”. Дар ин матлаб нашрия менависад, ки дар даргирии шоми  4-уми июл дар ноҳияи Восеъ чаҳор тан аз наздикони сарҳанги фирорӣ Гулмурод  Ҳалимов кушта шуда,  як афсари баландпояи пулис захмӣ шудааст. Муаллиф менависад, ки дар пайи ин ҳодиса ду бародар ва ду бародарзодаи Ҳалимов кушта шуда, се тани дигар боздошт шудаанд. Манобеи пулис гуфтаанд, ки ин афрод қасд доштанд, ба Афғонистон фирор кунанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби таҳлилие мавзӯи таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки воридоти доманадор аз ҷониби кишварҳои пешрафта, тавлидоти ватаниро бо шароити нобаробар рӯ ба рӯ кардааст. Дар ин матлаб ба таҷдиди сиёсати давлатӣ дар арсаи кишоварзӣ  бо ҳадафи ҳимоят аз тавлидунандагони дохилӣ ишора шуда, зикр мешавад, ки кишоварзони Тоҷикистон дар суръати ҳимоят ва фароҳам кардани шароити муносиб метавонад мардуми ин кишварро бо маводи ғизоӣ  таъмин кунад. Ба гуфтаи муаллиф, айни замон кишоварзони Тоҷикистон ба кишварҳои пешрафта пахта, кирмаки пилла, тамоку, пӯст, пашм, гиёҳҳои доруӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро содир карда, ба манбаи ашёи хоми ин кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ҳоле ки ба навиштаи муаллиф, тафовут байни қимати ашёи хом ва нахри маҳсулоти омода  аз 10 то 15 баробар аст.

Ҳафтаномаи “Самак” дар матлабе навиштааст, ки маҳбусон ҳақ доранд, аз президент бахшиш талаб кунанд. Нашрия дар ин матлаб хабар додааст, ки ахиран комиссияи ҳукуматие  ба кор шурӯъ кардааст, ки ба ҳар як маҳбус ҳақ медиҳад, барои бахшиши гуноҳаш ба раисҷумҳур муроҷиат кунанд.

Гуфта мешавад, ки раёсати ин комиссияи ҳукуматиро нахуствазири Тоҷикистон бар дӯш дошта, ба ҳайати он раҳбарони вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия, умури дохилӣ, Додситонии кулл, Додгоҳи Олӣ, мушовири ҳуқуқии  раисҷумҳур ва декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ шомил ҳастанд. Тибқи низомномаи комиссияи мазкур, ҳар як маҳбус, новобаста ба муддати ҷазо ва ҷинояти содиркардааш, ҳақ дорад, дар як сол як бор аз тариқи раҳбарияти зиндон ба  унвони ин комиссия, ба  раисҷумҳур  бо дархости бахшиши гуноҳ  нома нависад.