Июл 13, 2017 10:10 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо омӯзишҳои исломӣ дар масҷидҳо

Масъули фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфт, Вазорати маориф ва илм аз судури иҷозатнома барои баргузории давраҳои омӯзиши улуми исломӣ дар масҷидҳо пешгирӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Ҳусайн Шокиров дар нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд, ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бар асоси қонун масҷидҳо ҳақ доранд давраҳои омӯзиши улум исломӣ баргузор кунанд, аммо то кунун ҳатто як масҷид натавонистааст чунин иҷозатнома дарёфт кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2012 фаъолияти 8 мадрасаи миёнаи исломии Тоҷикистон мутаваққиф шуд ва дар ин кишвар ҳамакнун фақат як донишкадаи исломӣ бо ҳазору 400 донишҷӯ фаъолият мекунад, ки бештари онҳо бо пардохти шаҳрия дар ин донишкада таҳсил мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз соли 2010 ба баҳонаи паёмадҳои омӯзиши ғайриқонунии улуми исломӣ дар марокизи омӯзишии кишварҳои хориҷӣ аз 3 ҳазору 650 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин марокиз таҳсил мекарданд 3 ҳазору 324 нафарро бозгардонданд.

Дар мактабҳои Тоҷикистон низ тадриси улуми исломӣ мамнуъ аст ва танҳо дар синфи нуҳум дарсе бо унвони “Таърихи динҳо” омӯзиш дода мешавад, ки мӯҳтавои он ошноӣ бо таърихи адёни бузург аст.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон дар ин кишвар акнун 3 ҳазору 910 масҷид фаъолият мекунад, ки аз ин теъдод 326 масҷиди ҷомеъ ба ҳисоб меояд.