Июл 16, 2017 09:20 Asia/Dushanbe
  • Сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ба телевизионҳои давлатӣ дастрасӣ надоранд

Бо вуҷуди иддаои мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар бораи пӯшиши тамоми қаламрави ин кишвар бо барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ, сокинони манотиқи марзӣ бо Узбакистон ҳанӯз ҳам наметавонанд ин барномаҳоро бубинанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Топ Тҷ, коршиносон ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мегӯянд , ки дар навоҳии ҳаммарз бо Узбакистон дар вилояти Суғд ва ғарби ин кишвар ҳанӯз ҳам теъдоде аз сокинони рустоҳои дӯрдаст ба шабакаҳои телевизионҳои давлатии ин ҷумҳурӣ, дастрасӣ надоранд.

Сокинони Деҳаи Ширкенти ноҳияи Турсунзода дар фосила 10 километрии марзи Тоҷикистон ва Узбакистон солҳост, ки аз дидани барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатии ин ҷумҳурӣ маҳрум мебошанд ва насби гирандаҳои маъмулӣ ва моҳвораӣ низ ба далели заиф будани амвоҷ, имкони дастрасӣ ба барномаҳои телевизионҳои ин кишварро фароҳам намесозад.

Бо ин ҳол Набӣ Юсупов, мудири як созмони ғайри давлатӣ дар умури расонаҳо таъкид кардааст, ки ба далели мушкилоти фаннӣ ва якранг будани барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, сокинони бархе аз манотиқи марзии ин кишвар бо Узбакистон ва Афғонистон тарҷиҳ медиҳанд, ки телевизионҳои кишварҳои ҳамсояро бубинанд. Коршиносон мӯътақиданд, ки қарор гирифтани сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон таҳти таъсири барномаҳои телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти миллии ин ҷумҳурӣ мебошад, ки дар дарозмуддат паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ хоҳад дошт.

Тоҷикистон дар соли 2006 мутааҳҳид шуда буд, ки дар соли 2015 пахши диҷитолии барномаҳои тамомии шабакаҳои телевизионҳои давлатиро оғоз хоҳад кард. Аммо ин тарҳ то ба имрӯз амалӣ нашудааст.