Сабти беш аз 1200 парвандаи фасоди молӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 17 Jul 2017 03:55:39 GMT )
Июл 17, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Сабти беш аз 1200 парвандаи фасоди молӣ дар Тоҷикистон

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз сабти 1 ҳазору 218 маврид ҷиноёти марбут ба фасоди молӣ дар ин кишвар, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти ин ниҳод, Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб дар нишасти Шӯрои мушовираи ин ниҳод гуфт, аз ин мизон ҷароим, 281 маврид сирқати манобеи молии давлат буда, ки 151 миллион сомонӣ ба буҷа бозгардонда шудааст.

Вай таъкид кард, "дар вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи 225,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд, ки аз он 151, 2 млн. сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст.”

Аммо дар ин гузориш, ба боздошти 9 нафар аз кормандони Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, ки бо сару садои зиёде дар расонаҳои хабарӣ дар бораи амвол ва дороиҳои ҳангуфти ин афрод ҳамроҳ буд, ишорае нашудааст.

Дар ҳоле, ки манобеи мустақили хабарӣ, ахиран аз ирсоли парвандаи ҷиноии 5 корманди аршади ин оҷонс ва гумруки Тоҷикистон ба додгоҳи олии ин кишвар хабар додаанд.

Бештари иттиҳомоти афроди боздошт шуда, ҷаъли асноди марбут ба ихтилоси молӣ дар тарҳҳои сохту соз дар шаҳрдории Душанбе дар даврони масъулияти шаҳрдори собиқи пойтахти Тоҷикистон ва суиистифода аз симати давлатӣ дар ташкил парвандаҳои ҷиноӣ аст.