Июл 20, 2017 18:44 Asia/Dushanbe
  • Иллати инсирофи Арабистон аз сохти бинои Маҷлиси Тоҷикистон

Раиси Анҷумани коршиносони улуми сиёсии Тоҷикистон гуфт, иллати инсирофи Арабистон аз сармоягузорӣ дар сохти маҷмаи Маҷлиси  Тоҷикистонро бояд дар бурузи буҳрони Риёз бо Доҳа ҷустуҷӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани коршиносони улуми сиёсии Тоҷикистон афзуд, сармоягузории Чин барои сохти бинои парлумонӣ дар Тоҷикистон шигифтангез нест, зеро Душанбе дар хатти муқаддами тарҳи чинии «Як камарбанд-як ҷода» ё ба иборати дигар роҳи ҷадиди Абрешим қарор дорад ва мантиқӣ аст, ки Пекин барои кишвари ҳамсояи худ сармоягузории хоссе сурат диҳад ё воми билоаваз ба ин кишвар эъто кунад.

Ба гуфта вай, мо тоҷикҳо аз дидгоҳи фарҳангӣ ва забонӣ ба Эрон бисёр наздик ҳастем.

Муҳаммадазимов тасреҳ кард, Арабистони Саудӣ пас аз сафари раисиҷумҳури Амрико ба ин кишвар, сиёсати тавсеаталбонаеро дар даст гирифта ва фишорҳои ғайри мантиқӣ ба Қатар ворид кардааст, ки ин низ ба печидагӣ авзоъ дар минтақа меофзояд.

Бино ҷадиди парлумони Тоҷикистон, ки пеш аз ин қарор буд бо сармоягузории Арабистон сохта шавад, дар пайи инсирофи ин кишвар бо воми билоавази сад дарсадии Чин сохта хоҳад шуд.

 

 

Барчасп