Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷарима мепардозанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20338-Ширкатҳои_мобилии_Тоҷикистон_ҷарима_мепардозанд
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз пирӯзии ин ниҳод дар баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкатҳои мобилии “Тcell” ва “Beeline” дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 21, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷарима мепардозанд

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз пирӯзии ин ниҳод дар баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкатҳои мобилии “Тcell” ва “Beeline” дар ин кишвар хабар дод.

Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ афзуд, ду моҳ қабл додгоҳи иқтисодӣ баҳси додгоҳии онҳоро ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард ва ширкати “Тcell” муваззаф шудааст, ки то авоили моҳи октябри имсол 155 миллион сомонӣ ҷаримаи худро ба таври комил пардохт кунад. Давлатзода ҳамчунин гуфт, ширкати “Билайн” низ ба далели тахаллуфи молӣ 151 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, бештари ин маблағро пардохт кардааст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бозрасии молиётии ширкати “Мегафон” низ ба анҷом расида ва сарпечии ин ширкатро аз пардохти андоз ба маблағи 183 миллиону 500 ҳазор сомонӣ  нишон медиҳад.