“Сели Дарвоз, ваъдаи сарвазир ва ёрии ҳукумат”
Масдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар ҷодаи байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Чин, талоши мақомот барои ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросимҳо, нахустин вокуниши мақомот ба парванда аллайҳи маъмурони Ожонси зидди фасод ва мусоҳибаи аввалини Тоҷиддин Пирзода, раҳбари бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” аз матолиби меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи “Озодагон” дар саҳфаи аввали хеш матлаберо бо номи “Сели Дарвоз, ваъдаи сарвазир ва ёрии ҳукумат” чоп кардааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки баъд аз офати табиӣ дар деҳоти Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ҳамроҳи вазирони дифоъ, нақлиёт ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ин минтақа боздид карданд. Нашрия аз қавли нахуствазири Тоҷикистон навиштааст, ки масдуд шудани роҳ дар масири Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум ба воридоти коло аз Чин асари манфӣ гузошта, инчунин ба қимат дар бозорҳо низ беасар нахоҳад буд. Ба навиштаи ҳафтанома, бар асари масдуд шудани рӯди Панҷ дар мавзеҳои Ширговад ва Хостави ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои 8-9-уми июли соли ҷорӣ 22 манзили мардум зери об мондааст. Ин манбаъ афзудааст, ки айни замон барои осебдидагон дар мавзеи Яхчи ноҳияи Дарвоз қитъаи замин ҷудо шуда, сокинони зарардида бо маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъмин шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир роҳсозони тоҷик ҳамроҳ бо як ширкати чинӣ шабонарузӣ талош доранд, ки минтақаи масдудшудаи ин ҷодаи байналмилалӣ дар деҳаи Ширговади Дарвоз дубора барои ҳаракати нақлиёт боз шавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлабе бо номи “Танзим. Кисаи кӣ пур мешавад?” пешниҳодоти як ҳуқуқдони тоҷикро дар мавриди ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросимҳо нашр кардааст. Муаллиф пешниҳод кардааст, ки барои нақзи Қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар баробари соҳибони маъракаҳо ҳамчунин масъулини ошхонаву тарабхонаҳо низ муҷозот шаванд. Дар баробари ин муаллиф гуфтааст, ки бояд тамоми роҳҳои сӯистифодаи масъулин аз мақоми хеш замони иҷрои ин қонун баста шавад.
Рузномаи “Имруз-нюз” вокуниши Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мавриди иртибот доштани вай ба парвандаи зидди фасодро чоп кардааст. Нашрия менависад, ки посухи Абдуфаттоҳи Ғоиб дар робита ба қазияи парвандаи пурсарусадои зидди фасод, ки дар сархати расонаҳо тайи ду моҳи ахир қарор дошт, ин ҳангомаҳоро аз миён бурд. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки сардори Хадамоти гумрук ҳама гуна иртибот бо 10 корманди боздоштшудаи Ожонси зидди фасодро қотеъона рад кардааст.
Абдуфаттоҳ Ғоиб, ки дар гузашта 6 сол роҳбари Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон буд, афзудааст, ашхосе, ки дар содир кардани ҷиноят муттаҳам мешаванд, қабл аз вай дар ин ниҳод фаъолият доштанд, аз ҷумла Фирӯз Холмуродзода, сардори шуъба ва Фахриддин Бозоров сармуфаттиш будааст. Ба гуфтаи ӯ, ду корманди Хадамоти гумрук Фахриддин Бозоров ва Фаридун Беназирзода низ барои фаъолиятҳояшон дар Ожонси зидди фасод дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ мутаҳам мешаванд. Абдуфаттоҳ Ғоиб ҳамчунин овозаҳо дар бораи дар замони боздошти кормандони Ожонси зидди фасод мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанашро беасос хондааст.
Рузномаи “Имруз нюз” дар матлаби дигаре аз қавли раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон навиштааст, ки парванди 10 корманди Ожонси зидди фасод ва 3 тани дигар ба додгоҳ барои муҳокима ворид шудааст. Нашрия менависад, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки маъмурони собиқи Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон асосан дар содир кардани ҷиноятҳое назири қаллобӣ ва гирифтани ришва муттаҳам шуда, баррасии парвандаи онҳо пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт. Ҳамзамон дар посух ба ин суол ки оё бозбинии парвандаи афроде, ки дар гузашта мақомҳои боздоштшудаи Ожонси зидди фасод тафтиши онро бар уҳда доштаанд, дар назар аст ё на, Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, ки ниёзе ба бозбинии ин парвандаҳо вуҷуд надорад.
Нашрияи русизабони чопи Душанбе “Азия-плюс” дар матлаби таҳлилие ояндаи тарҳи минтақаии мавсум ба КАСА-1000-ро баррасӣ кардааст. Муаллиф матлаби хешро “Тарҳи КАСА – 1000: Танҳо ду бозингар боқӣ хоҳад монд” ном гузошта, дар мавриди аҳамияти ин тарҳ, кишварҳои манфиатдор ва суди иқтисодии тарҳи мазкур изҳори назар кардааст. Дар ин матлаб муаллиф бо такя ба суҳбатҳои мақомдорони Афғонистон ва бархе таҳлилгарони қирғиз ба хулосае расидааст, ки айни замон танҳо Тоҷикистон ва Покистон барои иҷрои шудани ин тарҳ сахт алоқаманд ҳастанд. Ба хулосаи муаллиф, баъид нест, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани тарҳи КАСА - 1000 дар он танҳо Душанбе ва Исломобод боқӣ монда, Афғонистон ҳамчун масири тронзитӣ истифода шавад.
Ҳафтаномаи “Азия-плюс” дар матлаби дигаре аз нахустин мусоҳибаи матбуотии Тоҷиддин Пирзода, раиси бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” натиҷагирӣ кардааст. Тоҷиддин Пирзода дар ин нишаст гуфтааст, ки дар чаҳорчӯби барномаи солимгардонии “Тоҷиксодиротбонк” хароҷоти хешро ба таври назаррас коҳиш додааст, аз ҷумла аз оғози сол харҷи музди кор 8,5 млн. сомонӣ, андоз - 1,7 млн. сомонӣ, иҷора - 1,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷот - 12,3 млн. сомонӣ кам карда шудааст. Инчунин Пиров таъкид кардааст, ки шумораи кормандони ин бонк аз 1672 нафар дар моҳи декабри соли гузашта то ба 641 нафар дар соли ҷорӣ коҳиш дода шудааст. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки фаъолияти 46 намояндагии ин бонк боздошта шуда, дар заминаи аксари онҳо марказҳои хадамоти бонкӣ боз шуда, дар ҳоли ҳозир бонк 40 намояндагӣ ва 37 маркази хадамоти бонкӣ доштааст. Дар ҳамин ҳол, раиси “Тоҷиксодиротбонк” таъкид кардааст, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ин бонк нишондиҳандаҳои молии хешро беҳтар кардааст. Ба гуфтаи Пирзода, дороиҳои ин бонк 4 млрд. 311 млн. сомонӣ, сармояи тавозунӣ 2 млрд. 540 млн. сомонӣ ва сандуқи қарзӣ - 1 млрд. 128 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин вай афзудааст, ки бақияи амонатҳо аз 3 млрд. 11 млн. сомонӣ дар моҳи декабри соли 2016 то ба 1 млрд. 771 млн. сомонӣ коҳиш ёфтааст. Пиров таъкид кардааст, ки айни замон вазифаи асосии бонк баргардонидани амонати гузоштаи муштариёни ин бонк дониста мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “СССР” низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карда, муаллифи матлаб навиштааст, дар ҳоле ки мақомоти давлатӣ сабаби дучори буҳрон шудани “Тоҷиксодиротбонк”-ро мудирияти заиф ва ғайримуассир дониста буданд, аммо вақт нишон медиҳад, ки ин вазъ ба таври маснӯӣ ба вуҷуд оварда шуд. Муаллиф дар ин матлаб иддаъо кардааст, афроди пушти парда талош карданд, ки роҳи бо эҷоди фазои беъэтимодӣ нисбат ба “Тоҷиксодиротбонк” ба иқтисоди Тоҷикистон зарба зананд.
Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” низ дар суҳбатҳои хеш ба ин ишора карда гуфтааст, далелҳое дар даст дорад, ки тибқи он, бархе таҷамӯъ ва тазоҳуроти муштариён дар қиболи ин бонк фармоишӣ ва сохта будааст.