Арабистон дар Суғд ҳашт мактаб месозад
Мудири маорифи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз сохти 8 мактаби миёна дар ин вилоят бо сармояи Арабистони Саудӣ хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Осим Каримзода, маорифи вилояти Суғди Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт: Арабистони Саудӣ ва давлати Тоҷикистон дар мавриди сохти ин мактаб ба тавофуқ расидаанд ва соли оянда сохти бинои онҳо оғоз хоҳад шуд.
Каримзода афзуд: Бештари ин мактабҳо дар манотиқи рустоии ноҳияҳои Айнӣ ва Истаравшан сохта мешавад .
Ин масъули маорифи вилояти Суғд тасреҳ кард: Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи исломӣ низ барои сохти даҳҳо мактаб аз ҷумла ҳудуди 50 муассисаи омӯзишӣ дар вилояти Суғд гуфтугӯ кардаанд .
Арабистони Саудӣ пеш аз ин дар бозсозии Кохи фарҳанги шаҳри Гулистони вилояти Суғд сармоягузорӣ карда буд.
Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар солҳои ахир, ба шиддат конуни таваҷҷуҳи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва мураввиҷони тафаккуроти такфирӣ ва ифротгарӣ ба хусус Арабистони Саудӣ қарор гирифтааст .