Июл 27, 2017 09:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи феҳристи ном барои навзодон дар Тоҷикистон

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон аз пешниҳоди феҳристи 6 ҳазор ном барои навзодон дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Ҳаким Мирсайидзод дар нишасти хабарии ахири масъулини ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфт, волидайни тоҷик акнун муваззаф ба истифода аз ин феҳрист барои номгузории фарзандони навзоди худ ҳастанд.

Ин мақоми тоҷик таъкид кардааст, ки идороти сабти аҳвол низ муваззаф шудаанд, ки номгузории навзодон дар Тоҷикистон фақат бар асоси ин феҳрист бошад ва агар волидайн бихоҳанд хориҷ аз ин феҳрист барои фарзандони худ ном интихоб кунанд, ин мавзӯъ дар комиссияи вижа баррасӣ ва тасмимгирӣ шавад.

Вай далели зарурати волидайнро ба истифода аз номҳои зикршуда дар ин феҳрист, пешгирӣ аз номҳои номуносибе унвон кард, ки шахсияти инсонро пойин меоваранд ё дар оянда мояи нигаронӣ ва тамасхури афрод мешаванд.

Қаблан номҳое монанди Санг, Сафол, Гург, Табар ва Теша роиҷ будааст.

 Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар таърихи 13-уми январи соли 2016 тарҳи ислоҳи қонуни сабти аҳвол дар ин кишварро тасвиб кард, ки муҷиби танзими раванди номгузорӣ дар ин ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Дар ин қонун ба намояндагони ақвоми ғайритоҷики сокини Тоҷикистон иҷоза дода мешавад, ки барои навзодони худ бар асоси суннатҳои миллиашон ном интихоб кунанд.