Июл 29, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Пешгирӣ аз ду иқдоми террористӣ дар вилояти Суғд

Сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд аз кашфу ҷилавгирӣ аз ду иқдоми террористӣ, тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин вилоят хабар дод.

 Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, дар нишасти матбуотӣ гуфт, кормандони пулиси ин вилоят аз ду ҳамлаи террористӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан ҷилавгирӣ карданд.

  Назарзода идома дод, яке аз ин ҳамлаҳо тавассути шаҳрвандони хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд.

 Вай афзуд, шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қасд доштанд, теъдоде аз биноҳои муҳим дар ин ноҳияро мунфаҷир кунанд.

 Назарзода тасреҳ кард, дар робита ба ин ҳодиса як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 4 шаҳрванди хориҷӣ бо дархости давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар боздошт шуданд.

 Назарзода бо ишора ба дуввумин ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Истаравшан, гуфт, ҳадафи ин ҳамлаи террористӣ неруҳои пулис буданд, ки дар робита ба ин рӯйдод як нафар боздошт ва аз вай миқдоре силоҳ мусодира шуд.

 Дар ҳоли ҳозир дар мавриди ҷузъиёти ин хабар ва узвияти ин афрод ба гурӯҳи террористии хоссе, матлабе мунташир нашудааст.