Ҳашт донишҷӯи тоҷикистонӣ аз хориҷ ба кишвар баргардонида шуданд
Ҳашт донишҷӯ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон машғул ба таҳсили улуми динӣ буданд ба кишварашон баргардонида шуданд.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сомонаи Вароруд, Шариф Назарзода сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғди Тоҷикистон, дар нишасти расонаӣ ба хабарнигорон гуфт, дар шаш моҳи нахусти имсол ҳашт шаҳрванди сокини ин вилоятро, ки дар хориҷ аз кишвар «ғайриқонунӣ таҳсили илми диниӣ менамуданд» ба ватан баргардонидаанд.
Ба гуфтаи Назарзода, ин донишҷӯён дар пайи талош ва ҳамоҳангии мақомот ва волидайни онон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Донишҷӯёни баргашта сокинони шаҳр ва навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт ҳастанд.
Генерал Назарзода тавзеҳ надодааст, ин донишҷӯён аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Чанд рӯз қабл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, бино ба маълумоти аввалия 64 сокини ин шаҳр дар марказҳои омӯзиши улуми динии кишварҳои хориҷ таҳсил доштаанд, ки аксари онҳо ба ватан баргардонида шуданд.