Июл 31, 2017 09:07 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии кишоварзони тоҷик аз афзоиш нархи об дар бахши кишоварзӣ

Созмони давлатии мудирияти обёрии Тоҷикистон ахиран аз афзоиши нархи об дар бахши кишоварзии ин кишвар хабар дод, ки бо вокуниши манфии кишоварзон рӯ ба рӯ шудааст.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз сойти Спутник, барои таъмини амнияти ғизоии мардуми Тоҷикистон дар ин кишвар, ниёз ба истифода аз 830 ҳазор гектар замини таҳти кишт вуҷуд дорад, ки ҳамакнун ин шохис фақат 753 ҳазор гектар аст.

  Аммо бо афзоиши 2 дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон дар ҳар сол, масоҳати заминҳои зери кишт дар ин кишвар коҳиш меёбад ва акнун саронаи замин барои ҳар нафар аз ҷамъияти ин ҷумҳури 00.9 дарсад гектар аст.

  Ахиран Созмони давлатии мудирияти обёрии Тоҷикистон эълом кард, ки нархи оби масрафии бахши кишоварзӣ дар ин кишварро афзоиш хоҳад дод, ки аз дидгоҳи масъулони ширкатҳои кишоварзӣ, ғайри мантиқӣ ба назар мерасад.

  Ҳарчанд дар Тоҷикистон бахши хонагӣ барои ҳар ҳазор метри мукааб об, 62 то 83 дирам пардохт мекунад ва ин рақам барои бахши кишоварзӣ беш аз 1 дирам ва ҳудуди 40 то 50 дарсад арзонтар аз бахши хонагӣ аст.

  Аз сӯи дигар фарсудагии шабакаҳои обёрӣ мӯҷиби шӯр шудани хок ва коҳиши маҳсули бахши кишоварзӣ мешавад, ки барои бозсозии ин таҷҳизот ба миллионҳо доллар сармоягузорӣ ниёз аст.            Аз дегоҳи кишоварзони Тоҷикистон дар шароити феълӣ, ки бахши кишоварзии ин кишвар бо буҳрони камбуди мошинолот, гаронии  нархи сӯхт ва нуриҳои миниралӣ рӯ ба рӯ аст, ҳатто афзоиши ночизи қимати об дар ин бахш ғайримантиқӣ аст.

  Зеро ин иқдом мӯҷиби афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин кишвар хоҳад шуд.

 

Барчасп