Август 01, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон, 97 дарсади коркунони нерӯгоҳи Сангтӯда-1

Мудирияти нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1, ки 75 дарсади саҳҳоми он мутааллиқ ба Русия аст, эълом кардааст, ки 97 дар сади коркунони ин марказ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба нақл аз Спутник, мудирияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бо интишори баёнияе ба муносибати ҳаштумин солгарди баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳ эълом кардааст, ки ин нерӯгоҳ бо 220 нафар нерӯи инсонӣ, 12 дар сад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро тавлид мекунад .

Дар ин баёния эълом шудааст, ки қарзи Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба унвони харидори барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1 ба 83 миллиону 500 ҳазор доллар расидааст .

Ҳамчунин бар асоси тавофуқи Русияву Тоҷикистон, бояд барои бозпардохти ҳазинаи сохти ин нерӯгоҳ Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” солона 2 миллиарду 700 миллион киловатт соат барқ харидорӣ кунад, то дар муддати 20 сол ин қарз пардохт шавад .

Ин дар ҳолест, ки ин ширкат аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 солона байни 1 миллиарду 600 то 2 миллиард киловатт соат барқ харидорӣ мекунад, ки ин мавзуъ муддати бозпардохти ҳазинаи сохти ин нерӯгоҳро афзоиш медиҳад .

Ҳамчунин ба далели вуҷуди барқи изофӣ дар фасли тобистон ва набуди харидори барқ, мудирияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 маҷбур аст, ки оби пушти сарбанди ин марказро раҳо кунад .

Аз ин рӯ, бо аз саргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ва баҳрабардорӣ аз тарҳи интиқоли барқи Каса-1000 дар соли 2020, мавзуи пайдо кардани харидори барқ дар ояндаи наздик матраҳ аст .

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Сангтӯда-1 аз зарфияти тавлиди 670 мегаватт барқ дар сол бархурдор аст .

 

Барчасп