Интиқоди пажуҳишгари тоҷик аз Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
(last modified Tue, 01 Aug 2017 11:21:52 GMT )
Август 01, 2017 16:21 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди пажуҳишгари тоҷик аз Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик изҳороти ахири раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба шиддат интиқод кард.  

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфтаанд, Тоҷикистон ба вожаҳои пешниҳодии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиёҷе надорад. Дар ин нишасти хабарӣ гуфта шудааст, Эрон 16 ҳазор вожа, ки бештари он истилоҳот пизишкӣ ҳастанд, ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда, ки то имрӯз аз онҳо истифода нашуда, аммо гурӯҳи корӣ барои баррасии ин вожаҳо ташкил шудааст.

Обид Шакурзода, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷике, ки чанде пеш тарҷумаи “Гулистон”-и Саъдӣ бо забони тоҷикӣ ба қалами ӯ дар Тоҷикистон мунташир шуд, дар ин бора гуфт, магар вожагон кумаки хайрия, башардӯстона ё колои тиҷорӣ ҳастанд, ки аз ҷое барои бозорҳои шаҳри Душанбе расида бошанд? Ин коршинос афзуд, “пайдост, ки Кумитаи забон ҷавҳари илму мантиқро дар ботлоқи сиёсат афкандааст, дар ғайр ин сурат на танҳо аз Эрон, ки акнун миёни ҳукумати мо ва онон ихтилофи назаре буруз карда, балки ҳатто агар аз сӯйи душмантарин кишвар барои миллати мо офтобе битобад, мо бояд аз он бархурдор шавем”. Шакурзода таъкид кард, агар имкони муқобили "вожаҳои Эрон" сад гузоштан вуҷуд медошт, Шӯравии собиқ метавонист ҷилави рушди забони форсиро бигирад, дар шароите ки матбуот, радио ва телевизиони кишвар ҳам барои ин кор басиҷ шуда буданд.

 Ӯ бо баёни ин ки рӯзгоре забони форсӣ забони ҷаҳонӣ ва донистани он ифтихор будааст, афзуд, “рӯзгоре қофилаи порсиро мо солор будем ва илму адаби порсиро бино гузошта будем, пас чаро рӯзгори васл наҷӯем ва ифтихори деринро бознаёбем?”.