Такопӯи масъулин барои бартараф кардани мушкилот қабл аз сарфари раисҷумҳур ба Қӯрғонтеппа
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i2092-Такопӯи_масъулин_барои_бартараф_кардани_мушкилот_қабл_аз_сарфари_раисҷумҳур_ба_Қӯрғонтеппа
25 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кӯрғонтеппа, Сарбанд ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дидан хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 11, 2016 15:46 Asia/Dushanbe
  • Такопӯи масъулин барои бартараф кардани мушкилот қабл аз сарфари раисҷумҳур ба Қӯрғонтеппа

25 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кӯрғонтеппа, Сарбанд ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дидан хоҳад кард.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сарбанд дар маросими ифтитоҳияи як корхонаи тавлиди равған, мавриди истифода қарор додани ду боғчаи кӯдакона, як варзишгоҳ ва ду бинои бисёрқабата ширкат кунад. Тайи сафари оқои Раҳмон ба шаҳри Кӯрғонтеппа як бинои театр, як бинои истиқоматии сездаҳошёна ва бемористони марбут ба пулис низ мавриди истифода қарор мегирад.

Баъди бозсозии  собиқ  Коллеҷи аграрӣ дар ноҳияи Бохтар Донишгоҳи энергетикӣ аз  шаҳри Кӯрғонтеппа ба ноҳияи Бохтар кӯчонида мешавад. Дар ҳоле ки аз ду моҳ қабл сафари раисҷумҳури ин кишвар ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияи Бохтар  маълум буд,  масъулони шаҳру ноҳияҳо талош карданд, ки то омадани Эмомалӣ Раҳмон камбудию  нуқсонҳои ҷойдоштаро  бартараф  намоянд. Мутаассифона, дар чунин ҳолатҳо   риояи реҷаи корӣ, бахусус барои масъулону кормандони  корхонаю ташкилотҳое, ки корҳои ободониро ба дӯш доранд,  сарфи назар  мешавад.

Имрӯз натиҷаи  заҳматҳои шабонарӯзии мардуми оддӣ  аст, ки маркази  вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа қабл аз сафари раисҷумҳури  кишвар  ба шаҳри дидание табдил шудааст. Дар қатори он биноҳое, ки солҳои ахир бунёд шудаанд, биноҳои  дигари маркази шаҳр рангубор шудаву  роҳҳои  мумфарш, рекламаю навиштаҷотҳо ва гулҳои рангоранги кӯчаю хиёбонҳо хело  диққатҷалбкунандаанд...

Хотиррасон менамоем, ки  чандсол қабл дар шаҳри Қӯрғонтеппа мошинҳои обпошӣ намерасид, дар ҷӯйборҳои шаҳр оби полезӣ набуд, мардум аз нарасидани оби нӯшокӣ ва саривақт тоза нашудани партовгоҳҳо шикоят мекарданд, вале ҳоло дар Маркази вилояти Хатлон ҳатто дарахтонро бо истифода аз мошинҳои сӯхторнишонӣ шӯстаанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, агар масъулони шаҳри Қӯрғонтеппа баъди омадани раисҷумҳури  ин кишвар  ҳамарӯза тавонанд  шаҳрро  тозаю озода нигоҳ  доранд, арзу шикоятҳои мардум кам гашта, теъдоди меҳмонони дохилию хориҷӣ ба Қӯрғонтеппашаҳр  меафзояд.

 

Фариштаи Давлат