Хайрзода ва Беназирзода ба беш аз 10 соли зиндон маҳкум шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i20920-Хайрзода_ва_Беназирзода_ба_беш_аз_10_соли_зиндон_маҳкум_шуданд
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ду нафар аз муттаҳамони парвандаи пурсарусадои фасоди молиро ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 01, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Хайрзода ва Беназирзода ба беш аз 10 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ду нафар аз муттаҳамони парвандаи пурсарусадои фасоди молиро ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст.

Бархе расонаҳо рӯзи 1 август бо такя ба манобеи хеш навиштанд, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, муовини пешини  раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки Хуҷандро ба 10 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кардааст. Ин манобеъ менависанд, ки Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо иттиҳоми гирифтани ришва ба миқдори калон гунаҳкор дониста шудаанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшудагон фурсат доранд, ки дар тӯли даҳ рӯз аз ин ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд. Ба навиштаи ин расонаҳо, дар ҳоли ҳозир мурофиаи додгоҳии дигар муттаҳамон дар чаҳорчӯби парванди зидди фасод идома дошта, эҳтимол дорад, ҳукми афроди дигар дар ҳафтаи ҷорӣ содир шавад.

Бояд гуфт, баррасии парвандаи даҳ корманди боздоштшудаи Ожонсии мубориза бо фасоди  Тоҷикистон рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ  дар Додгоҳи Олии ин кишвар  оғоз шуда буд. Дар курсии муттаҳамӣ ҳамчунин се корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ ҳатсанд, ки қаблан дар Ожонси мубориза бо фасод кор кардаанд.

Шермуҳаммад  Шоҳиён,  раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ахиран  дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки маъмурони собиқи Ожонси зидди фасод  дар содир кардани ҷиноятҳое назири “қаллобӣ” ва  “гирифтани риша” муттаҳам шуда, баррасии парвандаи онҳо пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотии хеш сарусадо дар мавриди боздошти  кормандони бештари ин ниҳодро бо иттиҳоми даст задан ба фасод рад кард. Сулаймон Султонзода, раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон таъкид кард, ки танҳо алайҳи Умед Камолзода, корманди пешини ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, аммо аз тавзеҳоти бештари бораи ин парванда худдорӣ кард. Умед Камолзода, писари генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст. Дар баробари ин Сулаймон Султонзода  вуҷуди кадом ихтилоф ва ё рақобат миёни  ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистонро рад карда афзуд, ки боздошти кормандони собиқ ба фаъолияти ин ниҳод асари манфӣ нагузоштааст ва онҳо мисли қабл  ба корашон идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки замони боздоштҳои пурсарусадои маъмурони Ожонси зидди фасод бархе расонаҳо аз бозпурсии  Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ хабар дода буданд.  Ҳамчунин гуфта мешуд, эҳтимол Абдуфаттоҳи Ғоиб дар чаҳорчӯби баррасии парванди зидди фасод аз мақомаш барканор шавад, зеро бештари  боздоштшудагон афроди наздики ӯ будаанд. Аммо Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон  дар як нишасти матбуотии ин ниҳод   сарусадо дар мавриди бозҷӯӣ шуданаш дар робита ба парвандаи мазкурро рад карда  афзуд,  ки дар доираи таштифи парвандаи маъмурони Ожонси зидди фасод  бозҷӯӣ нашудааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ин замина афзуд, боздошти Фахриддин Бозоров, муовини сардори Раёсати мубориза бо қочоқи гумрукӣ ва Фаридун Беназирзода, муовини сардори бахши Кумитаи гумрук дар вилояти Суғд ба фаъолияти қаблии ӯ дар Ожонси мубориза зидди фасод  рабт дорад.

Боздошти кормандони Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз шуда, сарусадоеро дар матбуоту ҷомеаи ин кишвар ба бор овард. То ин замон  на Вазорати умури дохилӣ,  на Додситонии кул ва на Додгоҳи Олию Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҷузъиёти парвандаи боздоштшудаҳо ошкоро суҳбат накардаанд.

Гуфтанист, соли 2006 дар Тоҷикистон Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Ожонсии мубориза бо фасодро таъсис ёфт. Дар оғоз ин ниҳодро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб  раҳбарӣ карданд.   Соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон расида, беш аз як сол ин ниҳодро сарварӣ кард. Тоҷикистон дар шохиси фасоди молӣ, ки аз сӯи Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ омода мешавад,  дар мақоми 152-юм, дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.