Август 04, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Такзиби гуруснанишинии фармондеҳи собиқи Горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар зиндон беасос аст.

Зарифи Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, пас аз интишори хабарҳое мабнӣ бар гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев шахсан ин мавзӯъро баррасӣ карда ва мушаххас шудааст, ки ин хабарҳо бепояанд. Ба навиштаи сойти “Азия-плюс”, Ализода дар идома хотирнишон кардааст, ки Ғаффор Мирзоев аз нарасидани номаҳои эътирозияш ба мақомоти додгоҳии ин кишвар барои бозбинии муҷаддади ҳукми худ шикоят дорад, вале гуруснанишинӣ эълом накардааст. Ализода ҳамчунин овозаҳои марбут ба таъмин набудани имконоти пизишкӣ ва дармон барои Ғаффор Мирзоевро низ нодуруст унвон кард.

Ахиран хабарҳое мунташир шуданд, ки гуфта мешуд, Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондаҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба нишони эътироз бинобар адами расидагии муҷаддади парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Мирзоев дар гузашта ба унвони фармондеҳи Горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон фаъолият кардааст.