Август 05, 2017 09:26 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи КАСА 1000 дар шаҳри Душанбе

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар шаҳри Душанбе раванди иҷрои тарҳи КАСА 1000-ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сайти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин дидори Ҷамшед Каримзода ва Ян-Петер Олтерc роҷеъ ба тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА 1000 ва саҳми молии Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳ баҳс ва табодули назар карданд.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати таъмини манобеи молии мавриди ниёз хатто КАСА 1000 ва амал кардани кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда ба тааҳҳудоташон таъкид карданд.

Бар асоси ин тарҳ дар марҳалаи нахусти хатти фишорқавии 500 киловаттӣ аз минтақаи Додхоҳи Қирғизистон ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон сохта мешавад ва дар идома ин хат аз хоки Афғонистон ба шаҳри Пешовари Покистон интиқол меёбад.

Хатти КАСА 1000 заминаи интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли гармо ба Афғонистон ва Покистонро фароҳам хоҳад кард.

Ҳазинаи ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

 

Барчасп