5 сол зиндон барои мубаллиғони гурӯҳи Ҷамоати Таблиғ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21336-5_сол_зиндон_барои_мубаллиғони_гурӯҳи_Ҷамоати_Таблиғ_дар_Тоҷикистон
Додгоҳе дар Тоҷикистон 2 сокини ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони ин кишварро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнӯъшудаи Ҷамоати Таблиғ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 09, 2017 04:43 Asia/Dushanbe
  • 5 сол зиндон барои мубаллиғони гурӯҳи Ҷамоати Таблиғ дар Тоҷикистон

Додгоҳе дар Тоҷикистон 2 сокини ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони ин кишварро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнӯъшудаи Ҷамоати Таблиғ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, Мамбит Қулов ва Б. Ҳасанов, сокинони қирғизтабори ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки муддате дар Қирғизистон омӯзиш дидаанд, пас аз бозгашт ба ин минтақа ба таблиғи афкори гурӯҳи мамнӯъшудаи Ҷамоати Таблиғ пардохтаанд.

Дар ҳукми додгоҳ таъкид шудааст, ки ин ду сокини ноҳияи Мурғоб ҳангоми ҳузур дар ҷумҳурии Қирғизистон ба гурӯҳи Ҷамоати Таблиғ пайвастаанд, ки дар Тоҷикистон номи ин гурӯҳ дар феҳристи созмонҳои ифротӣ қарор дорад ва фаъолияташ мамнуъ аст.

Онон муддаӣ шудаанд, ки сокинони ноҳияи Мурғоб аз Ислом дур шудаанду бояд ба Исломи дурусту саҳеҳ баргардонда шаванд.

Аз ин рӯ ба таблиғи андешаҳои гурӯҳи Ҷамоати Таблиғ дар миёни сокинон иқдом кардаанд.

Додгоҳ ҳар як аз ин дуро ба иттиҳоми таблиғи афкори созмони ифротӣ ва мамнуа ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Ҷамоати Таблиғ як созмони мазҳабӣ аст, ки фаъолияти он аз соли 2009 дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар ба унвони гурӯҳи ифротӣ мамнуъ шудааст.

Ин барои нахустин бор аст, ки дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ду узви созмони Ҷамоати Таблиғ ба зиндон маҳкум мешаванд. Зеро қаблан даҳҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ дар манотиқи дигари Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуда буданд.

Ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон минтақаи комилан сардсер аст, ки бо Чину Қирғизистон марзи муштарак дорад ва умдаи сокинони онро қирғизҳо ташкил медиҳанду шуғли онон чорводорӣ аст.