Афзоиши гардиши молии Тоҷикистон бо шаш кишвари ҳамсуд
(last modified Thu, 10 Aug 2017 11:19:50 GMT )
Август 10, 2017 16:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши гардиши молии Тоҷикистон бо шаш кишвари ҳамсуд

Идораи омори Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми гардиши молии ин кишвар дар нимаи нахусти имсол бо 6 кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштарак –ул-манофеъ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар нимаи аввали имсол беш аз 58 миллиону 400 ҳазор доллар буда, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, 2 баробар афзоиш шудааст.

Ҳаҷми гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва 6 кишвари мустақили муштарак –ул -манофеъ дар 6 моҳи аввали соли 2017 ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин аз оғози имсол гардиши молии Душанбе бо Арманистон, Украина, Узбакистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон низ бештар шудааст.

Дар маҷмӯъ гардиши молӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар 6 моҳи нахусти имсол беш аз як миллиарду 700 миллион доллар  уда, ки 3.3 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.