Август 15, 2017 10:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар Маскав

Се нафар аз 4 тани бо иттиҳоми терроризм дастгиршуда дар Маскав – Сулаймон Бурҳонов, Сиёвуши Давронзода ва Давлатёр Ҳоҷиев – шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Ба иттилои Ахбор, Сиёвуши Давронзода ҳамагӣ 17 сол дорад. Аъзои ин гурӯҳ ба қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар нақлиёт ва фурӯшгоҳҳои бузурги пойтахти Русия айбдор мешаванд.

Додгоҳи Лефортовои шаҳри Маскави Русия шоми 14 август се нафар аз 4 тани бо гумони омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дастгиршударо барои ду моҳ – то 11 октябр ба ҳабс гирифт. Ҳарсеи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Додгоҳ аввал ҳукми ҳабси Сиёвуши Давронзодаро содир кард. Ба дунболи ӯ додгоҳ ҳукми ҳабси Сулаймон Бурҳоновро, ки низ зодаи Тоҷикистон аст, барои 60 рӯз, яъне то 11 октябр баровард. Сиёвуши Давронзода ва Сулаймон Бурҳонов иттиҳомоти ба зиддашон эълоншударо ба гардан гирифтанд.

Аммо Давлатёр Ҳоҷиев, нафари сеюм аз боздоштшудаҳо, ки соли 1987 дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар ноҳияи Пушкини вилояти Маскав зиндагӣ мекард, гуфт, ба гуноҳаш эътироф намекунад: "Эътироф намекунам. Маро даъват карданд, вале ман намехостам, нарафтам.” Бо ин вуҷуд, додгоҳ Ҳоҷиевро низ то 2 моҳ ба ҳабс гирифт.

Қаблан ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русия – хабар дод, ки 4 узви гурӯҳи террорист- - се зодаи Осиёи Марказӣ ва як шаҳрванди Русияро дастгир кардаанд, ки таҳти раҳбарии эмиссарҳои созмони тундрави ДИИШ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар нақлиёт ва фурӯшгоҳҳои бузурги шаҳри Маскав омодагӣ мегирифтанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 14 август дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” дар бораи будани шаҳрвандони тоҷик дар байни аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ изҳори бехабарӣ карданд ва гуфтанд, мақомоти Русия ба сафорат "оид ба ин ходиса ва шахрвандони точик маьлумот пешниход накардааст.

 

Барчасп