Август 16, 2017 09:43 Asia/Dushanbe
  • Камтарин маош дар Тоҷикистон дар бахшҳои кишоварзӣ, ҷангалбонӣ ва моҳипарварӣ

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки кормандони ширкатҳои бахши кишоварзӣ, парвариши моҳӣ ва муҳитбонӣ (ҷангалбонӣ) камтарин дастмузди моҳонаро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд.

Ба гузориши сайти Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, маоши моҳонаи кормандони ин бахшҳо 475 то 605 сомонӣ аст, ки аз дастмузди бахши саноат камтар аст.

Мизони маоши моҳонаи коргарон дар бахшҳои саноат, маъдан, сохтусоз ва энержӣ низ ба таври миёнгин байни ҳазору 500 то 2 ҳазор сомонӣ аст.

Дар ин миён маоши моҳонаи кормандони бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ байни 2 ҳазору 500 то 2 ҳазору 800 сомонӣ ва маоши моҳонаи кормандони бахши хадамот дар Тоҷикистон ҳазору 100 сомонӣ эълом шудааст.

 

Барчасп