Дархости таваққуфи муваққати фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 Aug 2017 03:50:43 GMT )
Август 22, 2017 08:50 Asia/Dushanbe
  • Дархости таваққуфи муваққати фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Як масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таваққуфи муваққати фаъолияти ин ҳизбро дар дохили ин кишвар хостор шуд.

Ба нақл аз сайти Toptj, Алим Шерзамонов, масъули созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ки ҳамонанди теъдоде аз мақомоти ин ҳизб дар хориҷ ба сар мебарад, иллати ин пешниҳодро номуносиб будани фазои сиёсии ин кишвар унвон кард .

Шерзамонов муътақид аст, ки дар шароити феълии сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократ таҳти фишорҳои шадид қарор дорад ва наметавонад ҳатто конгресс ва нишастҳои расмии ҳизбии худро баргузор кунад .

Ин фаъоли сиёсии тоҷик афзуд: Пас аз мамнуияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дигар фазои солим барои фаъолияти аҳзоб, гурӯҳҳои сиёсии мухолиф, матбуоти мустақил, созмонҳои иҷтимоӣ ва мунтақидони ҳукумат вуҷуд надорад .

Шерзамонов таъкид кард: Дар ин шароит, аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳатто наметавонанд узвияти худ дар ин гурӯҳи сиёсиро аланӣ кунанд, ки дар ин сурат аз маҳалли кори худ ихроҷ хоҳанд шуд .