Ташкили пулиси кибернетӣ дар ВУД-и Тоҷикистон
(last modified Fri, 25 Aug 2017 10:33:59 GMT )
Август 25, 2017 15:33 Asia/Dushanbe
  • Ташкили пулиси кибернетӣ дар ВУД-и Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба манзури мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноёти мутташакил дар фазои маҷозӣ пулиси кибернетӣ эҷод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҷониби Тоҷикистон дар ин замина ба таври муштарак бо чиниҳову русҳо ҳамкорӣ мекунанд ва теъдоде аз кормандони ВУД-и ин кишварро барои омӯзиш ба кишварҳои дигар эъзом кардаанд. Раҳимзода афзуд: «Душанбе тамоми талоши худро барои омодасозии беҳтарин мутахассисон дар заминаи пулиси кибернетӣ хоҳад кард”. Ба гуфтаи вазири кишвари Тоҷикистон, бисёре аз афроде, ки ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ роҳ ёфтаанд, дар фазои маҷозӣ аз тариқи пойгоҳҳои хоси интернетӣ ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд.

 Рустам Қосимов, мудири Сандуқи иҷтимоии интернети Тоҷикистон низ эҷоди пулиси кибернетии ҷаҳониро таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид дар оянда аз эҳтимол дур надониста гуфт, барои эҷоди чунин сохтор лозим аст, то кишварҳои ҷаҳон равиши муштаракеро барои арзёбии таҳдидҳо эҷод кунанд. Ӯ афзуд, агар кишварҳои ҷаҳон дар хусуси муқоисаи таҳдиди созмонҳои террористӣ ба фикри воҳиде бирасанд, мумкин аст, дар оянда сохторе таҳти унвони пулиси кибернетии Интерпол эҷод шавад.

Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кардааст, ки имсол дар ин кишвар беш аз 130 нафар, ки бо созмонҳои террористӣ аз тариқи фазои маҷозӣ иртибот доштанд, боздошт шудаанд. Ҳамчунин имсол дар Тоҷикистон беш аз 70 пойгоҳи интернетии вобаста ба созмонҳои террористӣ баста шудааст.