Август 27, 2017 09:16 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Канаск дар ноҳияи Ваҳдат

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз муҷтамаи кишоварзии Канаск дар ноҳияи Ваҳдат боздид кард ва бо фаъолияти ин марказ аз наздик ошно шуд.

Ба гузориши сойти иттилорасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе (26 август) дар сафар ба минтақаи кӯҳистонии Канаск дар ноҳияи Ваҳдат, бо фаъолияти муҷтамаи кишоварзии занбурдорӣ ва тавлиди картошка ошно шуд.

Майдони умумии мавзеъи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол - баҳору тобистон сабзпӯш мебошад. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон як сол қабл дар боздид аз ин минтақа, дастури ихтисосии кумаки молӣ ва мошинҳои кишоварзӣ ба муҷтамаи кишоварзии Канаскро ба ҳадафи афзоиши тавлиди маҳсӯлоти кишоварзӣ содир кард.
Акнӯн беш аз 200 гектар аз заминҳои минтақаи Канаск таҳти кишти картошка қарор гирифтааст.

Бино ба дастури Эмомалӣ Раҳмон дар оянда, масоҳати зери кишти ин маҳсӯл дар муҷтамаи кишоварзии Канаск ба 400 гектар расонда хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки рушди кишоварзӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ бо обу ҳавои мусоид, мӯҷиби иштиғолзоӣ ва афзоиши тавлиди маҳсӯлоти кишоварзӣ хоҳад шуд.