Август 28, 2017 21:02 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси чаҳорҷонибаи низомии Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин

Мақомоти низомии Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин низоми ҷадиди ҳамкориҳои низомӣ миёни чаҳор кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши баъзе манобеи хабарии тоҷикӣ, фармондеҳони низомии Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин дар нишасти чаҳорҷониба дар шаҳри Душанбе низоми ҷадиди ҳамкорӣ миёни чаҳор кишварро ба манзури муқобила бо терроризм дар минтақа ва кӯмак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон Ли Зо Чан, фармондеҳи Ситоди Артиши Чин, Қамар Ҷовид Боҷвоҳ, фармондеҳи Ситоди Артиши Покистон ва Муҳаммадшариф Яфталӣ, фармондеҳи Ситоди артиши Афғонистон дар ин нишаст тавофуқ карданд, ки табодули иттилоот ва ташкили артиши муштарак беҳтарин роҳ барои мубориза бо терроризм аст.

Манобеи расмии Тоҷикистон хабаре дар бораи баргузории чунин ҷаласаи чаҳорҷонибае мунташир накардаанд.

Иртиқои ҳамкориҳо барои кӯмак ба ислоҳи авзои сиёсӣ ва низомии Афғонистон ва афзоиши тавони низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон аз тавофуқоти ин нишасти чаҳорҷониба будааст.

 

Барчасп