Сентябр 02, 2017 18:15 Asia/Dushanbe
  • Имзои 13 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Тоҷикистон ва Чин сездаҳ санади ҳамкорӣ имзо карданд. Ин санадҳо дар чорчуби сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон -раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пекин имзо шудааст.

Санадҳои имзошуда асосан ҳамкориҳои кишоварзӣ , иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фанниро ҳадаф гирифтааст.  

 Пеш аз ин Ши Ҷинпинг-раиси ҷумҳурии Чин аз Эмомалӣ Раҳмон-ҳамтои тоҷик худ даъват карда буд, то барои ширкат дар нишасти сарони БРИКС , ба Пекин сафар кунад. Имзои ин санадҳо аз тамоюли раҳбарони ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҳикоят дорад. Бавижа, ки нишондиҳандаи баҳрабардори Душанбе ва Пекин аз фурсатҳои ҷорӣ аст.

 Ҳафтаи гузашта Шариф Саид-раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон аз афзоиши 3 миллиарддолларии гардиши мол миёни Душанбе ва Пекин то соли 2020 хабар дода буд. Бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои андаки тавлидоти саноъатӣ дар Тоҷикистон , чигунагии дастёбӣ ба рақами се миллиард доллар дар тиҷорати мутақобили Чин бо Тоҷикистон аз мавзӯъоти қобили андеша будааст.

 

 Тоҷикистон дорои тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ аст, ки сирфан бо сармоягузории хориҷӣ қобили иҷро ҳастанд. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон захираҳои манбаъҳои табиӣ низ вуҷуд дорад. Зимни онки фазои иқтисодии  Душанбе барои сармоягузорони чинӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ҳақиқат ба манзури дастёбии Тоҷикистон ба ваъдаҳои мутақобил бо тарафи чинӣ, мақомҳои ин кишвари Осиёи марказӣ ниёзи шадиде ба ҷазби сармояҳои хориҷӣ бавижа сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон доранд. Тайи чанд соли гузашта давлати Пекин ва ширкатҳои чинӣ бо баҳрагирӣ аз ниёзҳои яктарафаи Тоҷикистон ба хадамоти онҳо , аз ин кишвари Осиёи марказӣ бештарин истифодаро бурдаанд. Аз ҷумла дар заминаи ҳалли ихтилофҳои марзии ду тараф аст, ки дар ниҳоят бо вогузории бахше аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин , ихтилофҳои ду тараф хотима ёфт.

  Намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар рӯзи 12-уми январи соли 2010 тавофуқномаи таърифи дубораи марзи Тоҷикистон бо Чинро ба тасвиб расонданд. Тоҷикистон 1,142 километр мураббаъ аз кулли қаламрави 143,000 километр мураббаъи худро ба давлати Чин вогузор кардааст. Бинобар арзёбии мақомҳои давлати Душанбе қаламрави вогузоршуда ба Чин дар шарқи Тоҷикистон қарор дорад ва минтақаи кӯҳистонӣ ва орӣ аз манбаъҳои табиӣ маҳсуб мешавад. Дар вокуниш ба ин иқдоми давлати Душанбе , Суҳроб Шарифов-мудири маркази мутолиоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буд: "Тоҷикистон ҳарчанд бахше аз сарзаминшро аз даст дод , аммо гоме ба пеш бардошт."

Ин коршиноси тоҷик идома дод: "Дар оғоз Чин бар сари  соҳиб шудан ба 28,500 километр мураббаъ пофишорӣ мекард , аммо дар охир давлати Душанбе 1,100 километр мураббаъро вогузор кард. Агар мо ин сарзаминро акнун вогузор намекардем , қодир ба муқовамат дар баробари фишорҳои Чин намебудем."

 Аммо Муҳиддин Кабирӣ-раҳбари ҳизби мамнуъэълоншадаи Наҳзати исломии Тоҷикистон , гуфт, ки ин аҳднома поймолкунандаи модаи 7 Қонуни Асосӣ аст. Ин муоҳида метавонад ба онҷо бианҷомад, ки дигар кишварҳо ҳам муноқишот бар сари қаламравро бо Тоҷикистонро оғоз кунанд.

 

 Дар як ҷамъбандии куллӣ аз имзои санадҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин , ба рағми бархе мухолифатҳои дохилӣ , шакке нест, ки , равобити ду кишвар дар даврони зимомдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон раванди рӯ ба рушд хоҳад дошт.