Сентябр 03, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми омодасозии ҳамалоти террористӣ дар Русия

Ду тан аз афроде, ки ахиран дар Русия ба иттиҳоми омодасозии ҳамалоти террористӣ боздошт шудаанд, шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳастанд.

Ба гузориши сайти РБК, мақомоти Хадамоти амниятии федералии Русия гуфтаанд, Муродбек Қодиров, шаҳрванди Ӯзбакистон ва Д. Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштанд рӯзи якуми сентябр, ҳамзамон бо иди Қурбон даст ба ҳамлаи интиҳорӣ бизананд.

Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия Д. Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан аз тариқи паёми интернетӣ бо Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ эъломи байъат карда буд, қарор буд ба гурӯҳе аз мардум дар рӯзи иди Қурбон бо табар ҳамла кунад.

Муродбек Қодиров, шаҳрванди Ӯзбакистон низ замоне, ки ҷамъияти бештаре барои дидани ин саҳна таҷаммуъ мекарданд, қасд дошт камарбанди инфиҷории худро дар миёни издиҳом мунфаҷир кунад.

Бар асоси ин гузориш, аз хонаи ин ду нафар дар атрофи Маскав маводи мунфаҷира ва табар пайдо шуда ва онон дар бозҷӯиҳо эътироф кардаанд, ки ба дастури мустақими саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ қасд доштанд дар қаламрави Русия даст ба ин иқдом бизананд.

Навори видеоии эътирофи ин ду шаҳрванди Осиёи Марказиро Хадамоти амнияти федералии Русия мунташир кардааст.

Ин гузориш меафзояд, дар гӯшии телефони ҳамроҳи яке аз ин ду муттаҳам ба омодасозии амалиёти террористӣ дар Русия шумораи тамоси теъдоде аз аъзои гурӯҳи такфирии ДИИШ ва дастурамали сохти бомбаҳои дастӣ пайдо шудааст.