Соатҳои ҳушманд ҷойгузини телефони ҳамроҳ дар мактабҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22595-Соатҳои_ҳушманд_ҷойгузини_телефони_ҳамроҳ_дар_мактабҳои_Тоҷикистон
Пас аз мамнуъ шудани истифода аз телефони ҳамроҳ дар мактабҳо ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон, акнун соатҳои ҳушманд ҷойгузини телефони ҳамроҳ мешаванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 04, 2017 04:56 Asia/Dushanbe
  • Соатҳои ҳушманд ҷойгузини телефони ҳамроҳ дар мактабҳои Тоҷикистон

Пас аз мамнуъ шудани истифода аз телефони ҳамроҳ дар мактабҳо ва марказҳои омӯзишии Тоҷикистон, акнун соатҳои ҳушманд ҷойгузини телефони ҳамроҳ мешаванд.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, бо доштани чунин соат донишомӯзон метавонанд дар зудтарин фурсат мавқеият ва ҳоли худро ба волидайни хеш иттилоъ диҳанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2009 истифода аз телефони ҳамроҳ дар марказҳои омӯзиши ин кишварро мамнуъ кард, ки дар сурати тахаллуф аз ин муқаррарот волидайн ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд.

Бар асоси гузориши мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон танҳо дар як соли ахир 15 ҳазор нафар ба далели нақзи қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон аз сӯйи додгоҳҳо ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Истифодаи донишомӯзон аз соатҳои ҳушманд дар мактабҳои Тоҷикистон имкони таҳти контрол доштани фарзандонро дар ҳар макон ва мавқеияте барои падарон ва модарон фароҳам месозад.

Ин соатҳо муҷаҳҳаз ба нармафзори мавқеиятёб (GPS) мебошанд ва аз се то 15 шумораи телефони ҳамроҳи наздикон низ ҳифз шудааст, ки дар лаҳзаи зарурӣ бо пахши яке аз ин тугмаҳо метавон паёмаки худро ба ин афрод ирсол кард.

 Хонум Фариштамоҳ Гулова, коршиноси фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ муътақид аст, ки одат додани кӯдакон аз замони донишомӯзӣ ба истифода аз ин васоил муҷиби ошноии бештари онон бо барномаҳои навин мешавад ва дар кишваре назири Тоҷикистон, ки авомили таҳдидкунандаи амнияти кӯдакон вуҷуд дорад, корбурди соатҳои ҳушманд бисёр муфид аст.