Сентябр 07, 2017 14:17 Asia/Dushanbe
  •  Тоҷикистон озмоиши силоҳи ҳастаии Пхенянро таҳрикомез хонд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ нигаронии ин кишварро аз озмоиши навбатии силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ иброз кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин баёния аз ҷумла омадааст: Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар нигаронӣ аз озмоиши навбатии силоҳи ҳастаии рӯзи севуми сентябри соли 2017 дар ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ ҳамақида аст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъдкид кардааст, ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ барои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ эҷод менамояд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меоварад, ки ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

 Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар шароите мунташир шудааст, ки таниш дар равобити Пхенян ва Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба авҷи худ расида ва дар солҳои ахир бесобиқа будааст.