Сентябр 11, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Худдории намояндагони ҳукумати Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши САҲА

Ҳайати эъзомии ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои тахассусии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшаваи Лаҳистон ширкат намекунанд.

Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, ифтитоҳияи ин нишаст субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор шуд ва манобеи наздик ба ҳайати раисаи ин иҷлос гуфтаанд, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои баъдӣ ширкат нахоҳад кард.

 Бар асоси дастури кор дар нишастҳои тахассусии САҲА дар Варшаваи Полша бояд мавзӯи ҳуқуқи башар дар 57 кишвари узви ин созмон баррасӣ шавад.

 Мақомоти ҳайати раисаи ин нишаст аз ҳузур наёфтани ҳайати эъзомии ҳукумати Тоҷикистон дар замони баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ибрози таассуф карда гуфтаанд, ки бо мушорикати намояндагони аҳзоб, созмонҳо ва ташкилҳои сиёсӣ ва мадании мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ин нишастҳоро идома хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки танҳо хонум Раҷабмоҳ Ҳабибуллоҳзода, масъули созмони дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони Тоҷикистон дар нишасти баррасии вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар ин кишвар дар Варшаваи Лаҳистон ҳузур хоҳад дошт.

 Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз - 20 нафар аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон муқобили сохтмони маҳалли баргузории нишастҳои ҳуқуқи башар САҲА даст ба эътироз заданд то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба авзои ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷалб кунанд.

Ин нишаст то 22-юми сентябр идома меёбад.

Низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва САҲА бар сари ҳузур ва суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Лаҳистон дар моҳи сентябри соли 2016 боиси маҳдуд шудани фаъолияти дафтари марказии ин созмон ва таътили фаъолияти панҷ дафтари минтақаии он дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шуд.

 

Барчасп