Нигоҳе ба масоили матраҳшуда дар нишасти хабарии кордори Туркия дар Тоҷикистон
Август 14, 2016 18:44 Asia/Dushanbe
Кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфт, Анкара аз тамоми имконот ва зарфиятҳои худ барои қатъи фаъолияти ниҳодҳои муртабит бо Гулен дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард.
Фотеҳ Қаҳрамон, кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо ишора ба фаъолияти муассисаи омӯзишии тоҷикӣ-туркии "Шалола" гуфт: "Агар ин мадрасаи байналмилалӣ ва ё ниҳодҳои дигари омӯзишии ин кишвар бо ниҳодҳои марбут ба Фатҳуллоҳ Гулен иртиботе дошта бошанд, Анкара бидуни шак бастани онро аз мақомоти тоҷик дархост хоҳад кард".
Ҳамкорамон Ғафурӣ дар гузориши вижа ба ин мавзӯъ пардохтааст, ки дар идома мешунавед: