Сентябр 13, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгузин кардани нерӯи инсонӣ бо фанноварӣ ба зиёни Тоҷикистон аст

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки дар шароити афзоиши теъдоди афроди бекор дар ин кишвар барномаи ҷойгузин кардани нерӯи инсонӣ бо фанноварӣ ба зиёни иқтисоди ин ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди барномаи ироашуда аз сӯйи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мабнӣ бар ҷойгузин кардан нерӯи инсонӣ бо фанноварӣ то соли 2030 гуфтааст, ки ин иқдом мӯҷиби афзоиши теъдоди афроди бекор дар ин кишвар хоҳад шуд.

Ахиран Фарида Мӯминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон тайи нишасти хабарие дар Душанбе эълом кард, ки бар асоси Барномаи рушди милли ин кишвар то соли 2030, ҳирфаҳое назири ҳисобдор, хазинадор, корманди бонк, дафтардор, корпардоз ва амсоли он ба тадриҷ аз байн хоҳад рафт ва фанновариаҳои ҷадид ҷойгузини ин афрод мешаванд. Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик бар ин бовар аст, ки дар мавриди амалӣ кардани ин барнома набояд шитоб кард, зеро дар Тоҷикистон ба тозагӣ иҷрои барномаи ҷойгузин кардани маҳсулоти дохилӣ ба ҷойи навъи хориҷии он оғоз шуда, ки ҳадаф аз он бозгардонидани мутахассисони тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ аст. Умаров мегӯяд: “Мо танҳо бо ҷазби мутахассисон ба иқтисоди Тоҷикистон метавонем маҳсулоти дорои тавони рақобат тавлид ва ба бозорҳои минтақа арза кунем. Дар ҳоле ки дар шароити рушди теъдоди афроди бекор дар Тоҷикистон ҷойгузин кардани нерӯи инсонӣ бо фанноварии ҷадид мӯҷиби ташдиди буҳрони бекорӣ хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноати бофандагӣ бояд теъдоди афроди мутахассис афзоиш ёбад ва аз ҳисоби сохти корхонаҳои ҷадид тавлиду коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаи коҳиши теъдоди шаҳрвандони бекор дар ин кишварро фароҳам кард".