Сентябр 13, 2017 09:23 Asia/Dushanbe
  • Қарзи ОПЕК барои сохти роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб

Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) барои такмили тарҳи роҳи иртиботии Кӯлоб - Қалъаи Хумб, ки ҷануби Тоҷикистонро ба вилояти Бадахшон васл мекунад, ба ин кишвар 10 миллион доллар қарз ихтисос дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, маросими имзои ин созишнома, ахиран, дар шаҳри Душанбе миёни намояндагони ОПЕК ва ин вазорат баргузор шуд. Созишномаи ихтисоси қарзи 10 миллион доллари барои такмили тарҳи бахше аз роҳи иртиботии Кӯлоб - Қалъаи Хумбро Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ва Сулаймон ал-Ҳарбаш, намояндаи ОПЕК имзо карданд.

Бар асоси ин созишнома, сохти бахше аз роҳи иртиботии Кӯлоб - Қалъаи Хумб имсол оғоз мешавад ва дар соли 2022 ба поён мерасад. Гуфта мешавад, ин қарз барои сохти ҷодаи иртиботии манотиқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то рустои Шоҳони ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ҳазина хоҳад шуд, ки тӯли он 40 километр аст. Ҳазинаи умумии сохти роҳи заминӣ миёни Кӯлобу Қалъаи Хумб беш аз 115 миллион доллар аст, ки умдатан аз ҳисоби ҷазби сармояи молии сандуқҳои рушди кишварҳои арабӣ ва ОПЕК таъмин хоҳад шуд. Саҳми молии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ 7 миллиону 900 ҳазор доллар эълом шудааст. Бар асоси тарҳи аввалия, сохти ин роҳ бояд дар соли 2016 ба поён мерасид... Таърихи ҷадиди баҳрабардорӣ аз ин тарҳ соли 2022 таъйин шудааст.