10 ҳазор ҷойи кор дар Тоҷикистон харидор надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23077-10_ҳазор_ҷойи_кор_дар_Тоҷикистон_харидор_надорад
Муовини мудири Ожонси давлатии кори Тоҷикистон мегӯяд, муддатест бо вуҷуди эъломи пайдарпайи ин ниҳод барои истихдоми 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандон бо кори доимӣ, касе ҳозир ба фаъолият дар ин ҳирфаҳо намешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 16, 2017 04:41 Asia/Dushanbe
  • 10 ҳазор ҷойи кор дар Тоҷикистон харидор надорад

Муовини мудири Ожонси давлатии кори Тоҷикистон мегӯяд, муддатест бо вуҷуди эъломи пайдарпайи ин ниҳод барои истихдоми 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандон бо кори доимӣ, касе ҳозир ба фаъолият дар ин ҳирфаҳо намешавад.

Ба гузориши сайти ТОП.тҷ, Ниёз Қурбонов гуфт, дар ҳоли ҳозир барои истихдоми 10 ҳазор нафар заминаи қонунӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам шудааст, ки маошу дастмузди ин афрод 600 то 800 сомонӣ хоҳад буд.

Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳозир ба истихдом шудан дар ин касбу ҳирфаҳо нестанд ва таҷдиди ин эълом низ дар сомонаи Вазорати кор ва муҳоҷирати ин кишвар то ба ҳол бидуни натиҷа будааст.

Дар ҳоле ки аксари корҷўён мегӯянд؟ ба далели ночиз будани маошу дастмузд дар ҷойҳои кории пешниҳодӣ аз сӯйи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон наметавонанд дар ин бахшҳо машғул ба фаъолият шаванд.

Ҷамшед Назирмуҳаммадов, муҳандиси барқ бо таҳсилоти донишгоҳӣ мегӯяд, 2 сол аст ба дунболи пайдо кардани кор аст ва ба ҳар ҷо муроҷиат мекунад маоши моҳонаи 400 то 500 сомониро пешниҳод мекунанд, ки наметавон бо ин дастмузд зиндагӣ кард.

Музаффар Олимов, коршиноси масоили иҷтимоӣ муътақид аст, ки бо маоши 70 то 80 долларӣ дар моҳ дар ин кишвар наметавон зиндагӣ кард ва иллати ҳозир нашудани шаҳрвандони ҷӯёи кори тоҷик барои фаъолият дар шуғлҳое, ки Вазорати кор ва муҳоҷирати ин кишвар пешниҳод мекунад, ҳамин омил аст.

Собирҷон Носирҷонов, ҳисобдори саршиноси тоҷик мегӯяд, яке аз омилҳои тамоюл надоштани шаҳрвандони ин кишвар ба фаъолият дар ҷойҳои кории пешниҳодии ниҳодҳои ҳукуматӣ боло будани мизони молиёт аст. Зеро дар бахши хусусӣ корфармо маҷбур аст ниме аз маоши коргарони худро ба унвони молиёт ба давлат пардохт кунад, ки бақияи дастмузди ночиз барои зиндагӣ кифоят намекунад.

Дар Тоҷикистон бар асоси омори расмии Вазорати кор ва  муҳоҷирати ин кишвар 54 ҳазор нафар ба унвони афроди бекор сабти ном кардаанд. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки теъдоди афроди бекор дар Тоҷикистон 3 баробар бештар аз ин омор мебошад.