Сентябр 16, 2017 11:04 Asia/Dushanbe
  • Зиёни Тоҷикистон аз бастани дафтари САҲА

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бастани дафтари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар ин кишвар ба зиёни Тоҷикистон медонад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки имкони баста шудани дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, сирфан як мавзӯи фаннӣ аст ва дур аз эҳтимол нест.

Вай бо таъкид бар ин ки ин иқдом авоқиби ногуворе барои ҳавзаи сиёсии Тоҷикистон дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад дошт афзуд, дар сурати баста шудани ин дафтар, Ғарб ин мавзӯро ба унвони як падидаи сиёсии геополитикӣ арзёбӣ хоҳад кард, ки ба маънии чархиши Душанбе аз меҳвари ҳамкорӣ бо Аврупо ба сӯйи Чину Русия аст.

Муллоҷонов тарҳи мавзӯи нақзи ҳуқуқи фаъолону зиндониёни сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро дар нишасти Варшаваи Лаҳистон ёдовар шуд ва таъкид кард, дар сурати таътилии дафтари намояндагии САҲА, Ғарб ба ин натиҷаи хоҳад расид, ки дар баҳси ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсиву маданӣ, ҳақ бо мухолифони давлати Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов ҳар навъ иқдом барои мамнуияти фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон муҷиби афзоиши тавваҷуҳи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишвар мешавад, ки аз дидгоҳи Ғарб ноқизи ҳуқуқи шаҳрвандони худ аст.

Ин коршиноси сиёсӣ афзуд, ин масъала ҳамчунин дарёфти қарзҳо ва эътибороти молӣ аз ниҳодҳои байналмилалиро барои Тоҷикистон душвор хоҳад кард.

Намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ахиран дар ҳамоиши ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава аз Ғарб хостаанд, ки ҳукумати Душанберо барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим кунад.

 

Барчасп