Раҳматуллоҳ Зоиров: Бо Ҳизби наҳзати исломӣ иртибот надорем
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23101-Раҳматуллоҳ_Зоиров_Бо_Ҳизби_наҳзати_исломӣ_иртибот_надорем
Раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин гурӯҳ бо Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар аз соли 2013 иртибот надорад ва ҳеҷ навъ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ин ду гурӯҳи сиёсӣ нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 16, 2017 07:57 Asia/Dushanbe
  • Раҳматуллоҳ Зоиров: Бо Ҳизби наҳзати исломӣ иртибот надорем

Раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки ин гурӯҳ бо Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар аз соли 2013 иртибот надорад ва ҳеҷ навъ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ин ду гурӯҳи сиёсӣ нест.

Раҳматуллоҳ Зоиров дар сафҳаи шахсии худ дар Фейсбук дар бораи иллати қатъи ҳамкорӣ ва иртиботи ҳизбаш бо Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2013 ва қабл аз мамнуияти фаъолияти ин гурӯҳи сиёсии исломӣ дар соли 2015 тавзеҳ надодааст, аммо коршиносони масоили сиёсӣ муътақиданд, ки иллати ихтилофи ин ду ҳизб ба мавзӯи пешниҳоди номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 2013-и Тоҷикистон бармегардад.

Дар соли 2013 Раҳматуллоҳ Зоиров қасд дошт ба унвони раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шавад ва умедвор буд аҳзоби сиёсии мухолифи давлат, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ аз номзадии вай ҳимоят кунанд, ки ин иттифоқ науфтод.

 Дар он сол аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷикро ба унвони номзади худ муаррифӣ карданд, ки муҷиби ранҷиши раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон шуд.

Зоиров ҳамчунин ҳузури Алим Шерзамонов, масъули созмони Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон дар ҳамоиши ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар Варшаваи Лаҳистон иқдоме худсарона унвон ва аз ин кори вай интиқод кард.

Чанде қабл раиси Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон гуфта буд, ки бо вуҷуди иддаои мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон дар бораи фаъолияти чанд ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар, амалан танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ фаъол аст ва дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар сарнавишти ин ҷумҳурӣ нақше надоранд.

 

Аз ин рӯ ба гуфтаи Зоиров, ба иллати номуносиб будани фазои сиёсии ин кишвар, 70 дарсад аз аъзои Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунанд.