Сентябр 16, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби “Ҳазорвожаи пизишкӣ” дар Тоҷикистон

Китоби ҳазорвожаи пизишкӣ ба чаҳор забон бо ҳузури ҷамъе аз аҳолии фарҳанг ва андешмандони эронӣ ва тоҷикӣ, дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, рӯзи гузашта рӯнамоӣ шуд.

Маросими рӯнамоии ин асар бо ҳузури Саидбилол Қурбонов, пажӯҳишгар ва намояндаи Вазорати тандурустӣ, Кароматуллоҳ Усмон, узви шӯрои яксонсозии Кумитаи забон ва истилоҳот ва Абдурраҳим Зулфониён, пажӯҳишгар ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, баргузор шуд.

Китоби ҳазорвожаи пизишкӣ (русӣ, тоҷикӣ, англисӣ ва форсӣ) ба кӯшиши гурӯҳи вожагузинии Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва ба пешниҳод ва бо пайгирии пажӯҳишгоҳи Фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва бо пуштибонии бемористони байналмилалии Ибни Сино дар Тоҷикистон, дар 544 сафҳа таҳия ва мунташир шудааст.

Адухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино гуфт, зарфиятсозии миллӣ дар асоси тавонмандсозии забони модарӣ муяссар мешавад. Ба андешаи Холиқзода то дараҷаи донистани забони модарии як мутахассис хеле қавӣ набошад, наметавонад дар риштаи худ бисёр муваффақ гардад: “Пуштибонии мо аз нашри ҳамин китоб ба далели забони илму истилоҳ шудани забони модариамон аст”.

Холиқзода дар идома афзуд, нашри китоби истилоҳоти пизишкӣ, ки имрӯз мо шоҳиди рӯнамоияш ҳастем, бо заҳмати Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти наздии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, баргирфта аз фарҳанги вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва бо дастгирии молии бемористони Ибни Синои Тоҷикистон, дар ҳаҷми беш аз  500 саҳифа муяссар шудааст.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори тоҷик низ дар идомаи ин маросим, талошҳо барои эҳёи забони форсиро кофӣ надонист ва гуфт, баъди ҷарроҳии сиёсии Осиёи Марказӣ аз ҷониби русҳо, фарҳангиёни тоҷик барои ду чиз аз ҳама беш гиря ва нола карданд, яке аз ин ду, сарнавишти забон аст; Хоҳ бихоҳем онро форсӣ биномем ва хоҳ тоҷикӣ. Мутаассифона корҳои амалие, ки барои забон кардем ба андозаи нола ва шеванамон набудааст.

Ҳасан Қарибӣ, намояндаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Марокизи илмӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин маросим гуфт, яке аз муҳиммтарин ва ҷасуронатарин тасмимҳое, ки Тоҷикистони соҳиб истиқлол гирифт, тасмим дар бораи таъйини забони давлатӣ буд. Бадеҳӣ аст, ки ин тасмими муҳим ниёзманди иҷрои корҳои муҳим буд ва яке аз ин корҳо ташкили Кумитаи забон ва истилоҳоти забон буд.

Раҳими Зулфониён, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст гуфт, Кумита аз нашри ин китоб истиқбол мекунад ва ин гуна корҳоро барои ҳамгунсозии истилоҳот хеле арзишманд медонад.

Ҳадаф аз таълифи ин фарҳанг, ошно сохтан мутахассисони ҳавзаҳои пизишкӣ дар ҳар ду кишвар бо шеваҳои вожагузинии якдигар ва мавод ва равишҳои гуногуни вожасозӣ барои истилоҳоти илмии Аврупо (умдатан англисӣ ва русӣ) аст.

Дар таълифи ин фарҳанг, ба манзури эҷоди суҳулати истифода барои мухотибони тоҷик, илова бар муодили форсӣ ва лотинии калимот, бахшҳои дигаре низ ба он афзуда шудааст, ки иборатанд, аз нависагардонии таърифҳои форсӣ ба хатти кириллӣ; Ироаи муодилҳо ва таърифҳои тоҷики; Ироаи муодилҳои русӣ. Ин маҷмуа шомили вожаҳои пизишкӣ, улуми пояии пизишкӣ, дандонпизишкӣ, шунавоишиносӣ, улуми саломат ва домпизишкӣ аст.