Сентябр 18, 2017 09:10 Asia/Dushanbe
  • Вилояти Суғд ва чашмандози оянда

Раиси вилояти Суғд аз талош барои ба 1 миллиард доллар расондани тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сайти равобити умумии вилояти Суғд, Абдурраҳмон Қодирӣ ин матлабро дар нишасти ахири Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, дар заминаи таъмини амнияти бахши саноат дар шаҳри Гулистон эълом кардааст.

Вай бо ишора ба тавонмандиҳои мавҷуд дар бахши саноат дар вилояти Суғд гуфтааст, ки дар ин минтақа теъдоди зиёде аз корхонаҳои бузурги саноатӣ фаъолият мекунанд, ки метавонанд маҳсулоти тавлидии хешро ба кишварҳои узви ИДМ низ содир кунанд.

Қодирӣ аз намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст дархост кард, ки бо ошноӣ бо зарфиятҳои тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои вилояти Суғд, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории муштаракро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Кишварҳои Арманистон, ҷумҳури Озарбойҷон, Русия,Украина, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова узви Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар заминаи таъмини амнияти бахшии саноат мебошанд, ки аз соли 2002 таъсис шуда ва ба ҳалли мавзӯҳои марбут ба амнияти коргарон, пешгирӣ аз ҳаводиси мухталиф дар ин бахш ва ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳои саноатӣ мепардозад.

Барои бори нахуст дар нишасти ахири Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви  ИДМ дар заминаи таъмини амнияти бахши саноат дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, намояндагони ҷумҳурии Узбакистон низ ширкат карданд.