Маҳкумияти як узви ДИИШ ба беш аз 13 соли зиндон дар Тоҷикистон
(last modified 2017-09-23T06:24:25+00:00 )
Сентябр 23, 2017 11:24 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як узви ДИИШ ба беш аз 13 соли зиндон дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душнбе як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои рафтан ба Сурия ба 13 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон, бо ҳукми ин додгоҳ Муҳиддин Фахриддинов ба иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва рафтан ба Сурия бо ҳадафи мушорикат дар даргириҳои ин кишвар ба 13 солу 6 моҳ зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, Фахриддинов, ки аз соли 2003 ба таври мураттаб дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекардааст, дар соли 2016 дар шаҳри Маскав бо фарде ба номи Мустафо аз мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ошно шудаву таҳти таъсири афкори ин фаъоли диишӣ ба ин гурӯҳи такфирӣ пайвастааст.

Вай дар торихи 20-уми апрели соли 2016 бо ҳавопаймои масири Маскав – Истанбул ба Туркия рафтаву қабл аз убур аз марзи Сурия барои худ шиносномае ҷаълӣ ба номи яке аз шаҳрвандони уйғуртабори чинӣ дуруст кардааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Туркияву Сурия дар амалиёти нерӯҳои амниятии Туркия боздошт ва ба Душанбе истирдод шудааст.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқро наздик ба 1 ҳазору 144 нафар ҳисоб кардаанд, ки 300 нафар аз ин афрод дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.