Сентябр 24, 2017 11:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии 135 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии 135 ҳазор тон пахта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то ҳафтаи ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ, ҷамъоварии пахта аз заминҳои ин кишвар ба беш аз 135 ҳазор тон расида, ки 44 ҳазор тон аз давраи мушобеҳи соли қабл бештар аст.

Бар асоси ин гузориш, бардошти ин мизон пахта, ки пас аз «алюмен», дуввумин маҳсули муҳимми содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, баробар бо 39 дарсад аз барномаи пешбинӣ шудаи давлат барои соли 2017 аст. Қаблан мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки дар соли 2016 бардошти ин маҳсули муҳимми содиротӣ ба 312 ҳазор тон расидааст, ки баробар бо 90 дарсад аз барномаи давлатӣ мебошад. Ҳол он ки барои бардошти 368 ҳазор тон аз ин маҳсул барномарезӣ шуда буд. Ҳамчунин дар соли 2015 дар ин кишвар бояд 390 ҳазор тон пахта бардошт мешуд, ки амалан ин шохис ба 270 ҳазор тон расид.

Имсол барои бардошти беш аз 300 ҳазор тон пахта дар заминҳои ба масоҳати беш аз162 ҳазор гектор, пахта кишт шудааст, ки вилоятҳои Хатлон дар ҷануб ва Суғд дар шмоли Тоҷикистон аз умдатарин манотиқи кишти пахта ба ҳисоб меоянд. Аммо коршиносон иҷрои ин барномаро ба далели поин будани нархи пардохти пахта ба кишоварзон баъид медонанд.

Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол, аз ҳудуди 500 ҳазор гектор замини пахта, солиёна беш аз 930 ҳазор тон маҳсул бардошт мешуд, аммо акнун ба далел набуди сармоя, суди болои вомҳои бонкӣ, фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ, гарон будани қимати сӯхт ва нуриҳои минералӣ, бештари кишоварзони тоҷикистонӣ кор дар Русияро бар кишти пахта тарҷеҳ медиҳанд.