Сентябр 25, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошти имомхатиб ва даҳҳо намозгузори масҷиди шаҳраки Чоруқдаррон

Кормандони полиси шаҳри Гулистон ахиран имомхатиб ва даҳҳо намозгузори масҷиди шаҳраки санъатии Чоруқдаррон дар вилояти Суғдро боздошт кардаанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, шоҳидони айнӣ бидуни зикри номи имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки санъатии Чоруқдаррон гуфтаанд, ки кормандони полис ин афродро барои бозҷӯӣ ба шаҳри Гулистон мунтақил кардаанд.

Гуфта мешавад, ки пас аз бозҷӯии аввалия теъдоде аз намозгузорон мураххас шуданд, аммо 10 нафар ба ҳамроҳи имомхатиби масҷиди шаҳраки санъатии Чоруқдаррон дар боздошт ба сар мебаранд.

Бар асоси гузориши бархе аз манобеи хабарӣ, имомхатиб ва намозгузорони боздоштшуда муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуаи Ихвон-ул-Муслимин мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 додгоҳҳои вилояти Суғд 20 нафар аз имомхатибони масоҷиди шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуаи Ихвон-ул-Муслимин ба муддатҳои мухталиф ба зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомоти амниятии вилояти Суғд мегӯянд, ки тамоми ин афрод донишомӯхтагони Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ҳастанд, ки дар замони ҳузуршон дар ин кишвар ба гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Ихвон-ул-Муслимин пайвастаанд.

 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти созмони Ихвон-ул-Муслиминро дар ин кишвар дар соли 2006 ба баҳонаи ифротӣ будани ин гурӯҳ мамнуъ карда буд.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки тамоми имомхатибони масоҷиди ҷомеи Тоҷикистонро Кумитаи давлатии умури динии ин кишвар мансуб ва маоши онҳоро пардохт мекунад ва онон танҳо бар асоси матне, ки ин ниҳод ироа медиҳад, дар намозҳои ҷумъа суханронӣ мекунанд.

Ин афрод ҳамасола давраҳои омӯзишии донишафзоиро, ки Кумита дини Тоҷикистон баргузор мекунад, фаро мегиранд ва дар озмуни тахассусии баррасии салоҳияти имомони масҷидҳо ширкат мекунанд.

Ҳамчунин тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон муҷаҳҳаз ба дурбин аст ва суханронии имомхатибон дар ин марокизи ибодӣ сабт мешавад.