Сентябр 26, 2017 15:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ: Намоз нахонед

Масъулони донишгоҳҳои устони Шин Ҷон-Уйғури Чин ба донишҷӯёни хориҷии мусулмон аз ҷумла тоҷикҳо ҳушдор доданд, дар сурати намоз хондан ё ибодат дар хобго‌ҳ‌ҳо, ононро бидуни гуфтугӯ аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Давлатбек Аҳмедов, донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳи забонҳои шаҳри Урумчии Чин дарс мехонд, гуфт: Соли ҷадиди таҳсилӣ дар донишгоҳи Чин бо баргузории як ҷаласаи вижа бо ҳузури донишҷӯёни тоҷик, узбак, қирғиз, афғон ва покистонӣ оғоз шуд, ки дар ин ҷаласа масъулони ин донишгоҳ ба донишҷӯён ҳушдор доданд, ки бо худ китобҳои динӣ ба ҳамроҳ надошта бошанд ва дар дохили хобгоҳҳо ибодат накунанд .

Ин донишҷӯи тоҷик афзуд: Масъулони донишгоҳ бо сароҳат эълом карданд, ки дар сурати пайдо кардани китобҳои динӣ ва ҷонмоз дар хобгоҳ, донишҷӯёнро аз идомаи таҳсилу иқомат дар Чин маҳрӯм хоҳанд кард .

Аҳмедов гуфт: Масъулони донишгоҳ ҳамчунин таъкид карданд, ки донишҷӯёни хориҷӣ дар Чин ҳаққи кор кардан надоранд .

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз донишҷӯёни тоҷик дар Чин маъмулан пас аз омӯзиши забони чинӣ ба унвони мутарҷими тоҷирони тоҷик машғули кор мешаванд .

Беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар 112 донишгоҳи Чин таҳсил мекунанд.

 

Барчасп