Август 16, 2016 09:24 Asia/Dushanbe
  • 40 миллион доллар кӯмаки Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон

Мудирияти Бонки рушди АвруОсиё аз ихтисоси 40 миллион доллар ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз буҷети ин кишвар хабар додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, тавофуқномаи вогузории ин кӯмаки молӣ ба Тоҷикистон ба зудӣ бо ҳузури Дмитрий Понкин, мудири Бонки рушди АвруОсиё ва Абдусаломи Қурбониён, вазири дороии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мудири Бонки рушди АвруОсиё, ин кӯмаки молӣ заминаи ҳимоят аз барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Дар авоили моҳи август Дмитрий Понкин, мудири Бонки рушди АвруОсиё ва нахуствазир ва вазири дороии Тоҷикистон дар дидоре дар шаҳри Душанбе дар бораи ихтисоси ин кӯмаки молӣ ба тавофуқ расида буданд.

Давлати Тоҷикистон дар пайи коҳиши қобили мулоҳизаи даромади ирсолии коргарони муҳоҷираш аз Русия бо буҳрони шадиди молӣ рӯбарӯ шуда ва дар нимаи нахусти имсол буҷети давлати Тоҷикистон дар бахши даромад каср доштааст.

Ахиран бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар манобеи молӣ, 500 миллион сомонӣ аз бахши ҳазинаии буҷети ин кишвар коҳиш ёфт.

 

Барчасп