Ба зиндон маҳкум шудани афсари русе, ки ҷавони тоҷикро парронд
Додгоҳи шаҳри Берёзовскийи Русия, як афсари 37 солаи пулисро ба ҷурми тирандозӣ ба сӯи як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба муддати чаҳор сол равонаи зиндон кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабари “Uralinform.ru”, ҳукми додгоҳ рӯзи панҷшанбе 28 сентябр содир шуда ва афсари пулис бояд чаҳор солро дар зиндони умумӣ бигузаронад.
Гуфта мешавад, ин афсари пулис шаби 30 июни имсол дар канори истгоҳи Максим Горкий дар ҳолати мастӣ аз ду муҳоҷири тоҷик хоста буд, гузарномаҳояшонро нишон диҳанд, аммо яке аз ду муҳоҷири тоҷик фирор карда буд.
Муҳоҷири дуввум низ ҳадафи гулӯлаи ин пулиси рус қарор гирифт ва аз ноҳияи сар дучори ҷароҳат шуд.
Бар асоси ин гузориш, пас аз ин ҳодиса ва анҷоми таҳқиқот, пулиси хатокор аз мақомаш барканор шуд.