Сентябр 28, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Чин 100 пулиси тоҷикро омӯзиши киберӣ медиҳад

Чин аз омодагии худ барои омӯзиши беш аз 100 корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт: Чин изҳори омодагӣ кардааст, ки беш аз 100 пулис тоҷикро барои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ омӯзиш диҳад.

Вай афзуд, дар гузашта ҳам кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Чин омӯзиш дидаанд, аммо барои аввалин бор аст, ки кормандон бо ин теъдод барои омӯзиш ба Пекин эъзом мешаванд.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, кормандони пулиси Тоҷикистон бояд барои ҷилавгирӣ ва шиносоии ҷиноёти сайберӣ омӯзиш бибинанд, зеро ахиран гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба созмонҳои террористӣ, аз шабакаҳои интернетӣ истифода мекунанд.

Ин тавофуқ дар дидори Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин дар ҳошияи иҷлоси Маҷмааи умумии Созмони Интерпол дар Пекин ҳосил шудааст.