Интиқоди шадиди Зуҳуров аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23957-Интиқоди_шадиди_Зуҳуров_аз_ширкатҳои_ҳавопаймоии_Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 03, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Зуҳуров аз ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки ба баррасии тарҳи маофияти андозӣ ва боҷи гумрукии таҷҳизоти воридотӣ аз сӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ ихтисос дошт, фаъолияти ду ширкати "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр"-ро ғайри қобили пазириш арзёбӣ кард .

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд: Бо шароити кунунӣ ва кайфияти поини хадамоти ин ду ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофирон, ҳарф задан дар бораи рушди ҷазби гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон маънӣ надорад .

Зуҳуров гуфт: Ҳар сармоягузори хориҷӣ, ки бо авзои нохушоянди фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар ва сатҳи поини хадамот ба мусофирон ошно шавад, ба таври қатъ аз Тоҷикистон фирор хоҳад кард .

Бо ин ҳол, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тарҳи маофияти андозӣ ва боҷи гумрукии таҷҳизоти воридотӣ аз сӯи Созмони ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ раъйи мусбат дод .

Акнун мушаххас нест, ки бо ин иқдом, буҷети давлат аз маҳалли коҳиши боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти мавриди ниёзи Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон чи қадар зиёни молӣ хоҳад дид .

Маҷлиси намояндагон дар ҳоле ба Созмони ҳавопаймоии кишварии ин ҷумҳурӣ маофияти андозӣ ва гумрукӣ эъто кард, ки дар 5 моҳи ахир ба далели камбуди сӯхт дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои ду ширкати "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" маҷбур шудаанд, барои идомаи парвоз дар масирҳои тӯлонӣ дар шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Қазоқистон сӯхтгирӣ кунанд .

Рамазон Қурбонов, аз масъулони ширкати воҳиди сӯхтрасони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки воридоти бензини ҳавопаймо аз хориҷ танҳо бо пешпардохт имконпазир аст, аммо қарзи ду ширкати "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр", маҷоли ин муомиларо намедиҳад .