Октябр 03, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Нигарониҳо аз коҳиши шадиди ҷамъият дар Русия

Максим Орешкин, вазири рушди иқтисоди Русия аз коҳиши шадиди ҷамъияти бумӣ ва нерӯи кори ин кишвар таи панҷ то шаш соли оянда ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, вай гуфтааст, бо идомаи раванди коҳиши солонаи ҷамъияти воҷиди шароити кор дар Русия, ин коҳиш таи панҷ то шаш соли оянда ба 800 ҳизор нафар дар сол хоҳад расид, ки ба маънии аз даст додани нерӯи кори ин кишвар аст.

Коршиносон ва мутахассисон яке аз роҳҳои ҳифзи тавони иқтисодии Русияро ҷазби коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон унвон мекунанд, ки бо дарёфти тобеияти Русия ва фаъолият дар марокизи санъатии ин кишвар, метавонанд камбуди нерӯи корро ҷуброн кунанд .

Чунончи доктор Раҳмон Улмасов, устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, то шаш соли оянда Русия барои ҷазби коргарони муҳоҷири Тоҷикистон худ вориди амал хоҳад шуд .

Ӯ бо ишора ба вуҷуди 19 ҳазор рустоии бидуни сакана дар кишвар мутазаккир шудааст, бар асоси муҳосиботи ҷамъиятшиносӣ, дар авохири қарни 21 дар Русия танҳо 95 миллион нафар аз мардуми бумӣ боқӣ хоҳанд монд.  

Ин устоди донишгоҳ ҳамчунин изъон кардааст, ҳамакнун дар ҳафт то ҳашт ҳазор рустои Русия фақат чанд нафар бознишаста зиндагӣ мекунанд ва ин кишвар маҷбур мешавад, дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, нерӯи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад .

Улмасов гуфтааст, дар ҳоли ҳозир намояндагиҳои 60 донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар паи пазириш ва эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба Русия ҳастанд, то заминаи таъмини мутахассисро барои иқтисоди ин кишвар дар оянда фароҳам кунанд .

 

Барчасп