Октябр 03, 2017 13:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми тоҷик бар посдошти забони форсӣ

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт: Расмӣ шудани забони тоҷикӣ аз падидаҳои даврони истиқлол аст, ки дар сарнавишт ва эҳёии тамаддуни торихии миллати тоҷик саҳифаи ҷадидеро гушудааст.

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар конфронси илмии иҷроӣ, ки ба муносибати рӯзи забони миллӣ дар ин вазоратхона баргузор шуд, гуфт: Рӯзи забони давлатӣ мисли дигар суннатҳои бостонии миллии Тоҷикистон ҳар сол 5 октябр ҷашн гирифта мешавад ва барои миллати тоҷик он рӯз рӯзи худшиносӣ аст .

Икром Умарзода, забони модариро аз рукнҳои асосии давлатдорӣ донисту афзуд: Забон ҳастии миллат ва бақои давлат маҳсуб мешавад ва посдошти он вазифаи ҳамаи афроди ҷомеа аст .

Саодатшо Мутаробиён, муовини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон низ дар ин конфронс бо ишора ба арзиши торихӣ ва илмии китоби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо унвони "Забони миллат-ҳастии миллат" навишта шудааст, гуфт: Ин асар на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми форсизабонони дунё хидмати бузурге ба шумор меояд .

Тибқи иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, ба муносибати рӯзи миллии забони тоҷикӣ, нишастҳои мушобеҳе дар дигар вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст .

Панҷуми октябр, ҳамасола дар Тоҷикистон ба унвони рӯзи забони тоҷикӣ гиромӣ дошта мешавад .

 

Барчасп